Ҷониби Мирзоев иддаои нави мақомотро хилофи қонун хонд
Мақомоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 17-уми октябр дар мурофиаи додгоҳӣ изҳор доштаанд, ки ҷуброни зарари моддию маънавиро ба Шаҳбол Мирзоев, сарбози маъюбшудаи ин ниҳод бояд гунаҳкор дар латукӯб, куҳнасарбоз Усмоналӣ Ғайратов пардохт кунад.
Дар ин бора Эътилофи зидди шиканҷаи Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки ҷониби Шаҳбол ин даъвои мақомоти марзбониро мухолифи қонунгузории гражданӣ –мурофиавӣ хонд. Вакили дифои Шаҳбол Мирзоев мегӯяд, бар асоси қонунгузории Тоҷикистон зарари расонда бояд аз ҳисоби маблағҳое ҷуброн шавад, ки дар ихтиёри мақомоти марзбонӣ қарор доранд.
Кашмакаши дубораи додгоҳии Шаҳбол Мирзоев, сарбози маъюбудаи тоҷик бо Раёсати марзбонии Тоҷикистон дар додгоҳи низомии гарнизони Душанбе дар ҳолест, ки қарори қаблии додгоҳ барои пардохти 117 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавию моддӣ ба Шаҳбол Мирзоев бекор гардид.
Тобистони соли гузашта Колегияи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон қарори Додгоҳи ҳарбӣ дар мавриди пардохти 97265 сомонӣ зарари моддӣ ва 20000 сомонӣ зарари маънавиро ба Шаҳбол Мирзоев бекор кард. Аз ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” ба “Озодагон” иттилоъ дода буданд, ки қарор дар пайи баррасии шикояти кассатсионии ҷавобгар бекор шуд.
Шаҳбол Мирзоев, сокини деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ва фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд, соли 2013 довталабона ба хидмати низомӣ рафта, шоми 8 марти соли 2014 аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди латту кӯби шадид қарор гирифт. Додситонии низомии гарнизони шаҳри Душанбе баъд аз таҳқиқи ин қазия эълон кард,“гардани Шаҳбол Мирзоев дар натиҷаи маҷбуран гуштӣ гирондани ӯ бо кӯҳнасарбоз - Усмоналӣ Ғайратов шикастааст".