1. Skip to Main Menu
  2. Skip to Content
  3. Skip to Footer

Ҷойизаҳои ширкати «Мегафон-Тоҷикистон» ба кормандони ВАО

Ширкати мобилии «Мегафон-Тоҷикистон» миёни журналистон дар мавзӯъи "Инъикоси беҳтарин матолиб дар бораи алоқа"  ва ҳамчунин озмун миёни шабакаҳои иҷтимоӣ таҳти унвони «Беҳтарин Мегапешниҳод»-ро баргузор кард.


Маросими ҷойизасупории ғолибон дар толори «Вефа-сентр» бо иштироки теъдоди зиёди рӯзгноманигорон ва фаъолони шабакаҳои интернетии иҷтимоӣ сурат пазируфт. Зимни ҷамъбасти озмуни аввал, Кармен Эткеева, роҳбари хадамоти иртибот бо ҷомеаи ширкати «ТТ-Мобайл» иштирокчиёнро хайра мақдам гуфт ва дар бораи тарзи муайян кардани беҳтарин мавод иттилоъ дод.       Эткеева гуфт: «Мақолаҳо аз рӯи мониторинг интихоб шуданд ва  барои ширкаткунандагон ҳеч гуна меъёр пешниҳод нашуда буд. Дар марҳилаи аввал 30 мақола пешниҳод шуд ва баъди баҳс ва муҳокима миёни кормандони хадамоти мо аз ин 30 мақола 14 мақоларо интихоб кардем ва ба роҳбарияти ширкат пешниҳод намудем».

- Барои роҳбарият низ қабули қарор чандон осон набуд, зеро ҳамаи маводҳои пешниҳодӣ шоистаи ҷойиза буданд. Аммо дар доираи муқаррашуда мебоист танҳо як мақола интихоб мешуд ва матлаби як журналист ба номинантии «Мақолаи беҳтарин» интихоб мегардид. Аз байни маводҳои чопшуда дар ВАО Абдулфаттоҳ Шафиев, барои маводи таҳлилии беҳтарин  ғолиби озмун дониста шуд, ки маводҳояш дар ҳафтаномаи «Миллат» ба нашр расидаанд,-афзуд Эткеева.

Ҳамин тавр, аз тарафи ширкати «Мегафон» ба номбурда як ноутбук ва  бо журналистони дигар суратгираку ҷойизаҳои вижа тақдим гардиданд.

Назари худро нависед

Акси рӯз

«Роҳи депутатҳо бояд гулзор бошад»
ш. Душанбе
Cloudy Sunny Scattered T-Storms Mostly Sunny
16'C 26'C 25'C 24'C
19-ум 20-ум 21-ум 22-ум

Дидгоҳи хос

  • Бузургдошт
    Бузургдошт Инҳое, ки хондан як тараф истад, "Шоҳнома"-ро хатто як бор варақгардон накардаанд, иддаои миллатсозӣ доранд. Лоф мезананд, то барои миллате,…
    Идома

Адабиёт

Гюнтер Грас, шоири олмонӣ ва барандаи ҷоизаи Нобел. 8-уми апрели соли 2012 Исроил Грасро барои шеъри «Чизе ки бояд гуфта шавад» зери танқид гирифт. Дар ин шеър барандаи ҷоизаи Нобел Исроилро барои таҳдиди ҳамла ба Эрон бо баҳонаи барномаи ҳастаияш интиқод мекунад. Идома
Untitled Document

Сухани рӯз

Муҳиддин Кабирӣ, райиси ҲНИТ

«Мо фикр мекунем вазъияти ҳизби мо хуб аст. Ҳизб рушд мекунад ва пойгоҳи иҷтимоияш қавитар шуда истодааст, сафи аъзои ҳизби мо аз ҳисоби ҷавонон ва рӯшанфикрон рӯз ба рӯз зиёд мешавад. Агар касе болои мо фишор меорад, маънои онро надорад, ки вазъи мо бад аст. Шояд вазъи касе бад аст, ки болои мо фишор меоварад».