АКС: Ҷашнвораи байнисарҳадии “Дӯстии кӯдакон – дӯстии кишварҳо” дар шимоли Тоҷикистон
Дар маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд, ҷашнвораи байнисарҳадии “Дӯстии кӯдакон – дӯстии кишварҳо” баргузор шуд.
Ба гуфтаи Раҳбар Маҷидова, яке аз раҳбарони Гуруҳҳои ташаббускори ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҷашнвораи мазкур, ки 11 октябр баргузор шуд, 30 кӯдаку наврас аз деҳоти Интернатсионалу Борбордуки ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ва ҷамоатҳои Овчиқалачаву Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон иштирок намуданд.
Хонум Маҷидова ҳадафи баргузории ин ҷашнвораро “тарбияи ҳисси эҳтиром ба халқҳои дигар, таҳаммулпазирӣ, сулҳ ва ҳамсоягии неки наврасони Борбордуку Интернатсионали ноҳияи Лайлаки Ҷумҳурии Қирғизистон ва ҷамоати Хистеварзу Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Ҷумҳурии Тоҷикистон” арзёбӣ кард. Ӯ гуфт, “кӯдакон оид ба анъанаҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон, санаҳо ва ҷойҳои таърихӣ суҳбат намуда, бозиҳо ва омӯзиши якҷоя, ки асоси ҳамдигарфаҳмӣ буда, барои паст кардани низоъ мусоидат менамояд, анҷом доданд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |