Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 23 октябр 2017, 12:50

Боздошти директори “Имкон 2015” баъди шикояти Нурбибӣ (ВИДЕО)

12 октябр 2017, 10:13

Маъмурини милиса директори ширкати “Имкон-2015”-ро, ки ба фиристодани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ машғул будааст, боздошт кардаанд.

Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, директори 63-солаи “Имкон 2015” дар пайи дарёфти шикояти Нурбибӣ Мансурова, модари серфарзанд, сокини 54-солаи ноҳияи Восеъ дастгир гардид.

Нурбибӣ Мансурова, ба мақомоти милиса арз доштааст, 1-уми августи соли 2016, марди 63-солаи сокини шаҳри Душанбе, директори ҶДММ “Имкон-2015”, бо баҳонаи таъмини кор дар хориҷи мамлакат ӯро ба шаҳри Риёзи давлати Арабистони Саудӣ бурда, муддати 1-солу 2-моҳ маҷбуран кор фармуда, музди меҳнаташро пардохт накардааст: “Марди номбурда аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ мутобиқи моддаи 130 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот давом дорад”.

Нурбибӣ Мансурова ахиран баъди муроҷиаташ тариқи шабакаҳои интернетӣ дар бораи шароити тоқатфарсои кораш дар Саудӣ, аз ҷониби намояндагии Тоҷикистон дар Риёз озод карда шуд.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • 87

  • 12 октябр 2017 10:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба чуз аз Ватан касро дар дигар чой осоиш нест.Минбаъд талаб кунен ки дар Ватан чои кори фарохам оваранд.Махсусан барои занхо ягон барномаи хукумати лозим аст тахти шиори Барои занхо чои кори фарохам меорем.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Октябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!