Бахшҳо

“Президент-супермен”

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро, ки президенти ҳамакорааш мехонанд ва “рекордшиканӣ”-ро дӯcт медорад, боз ҳавои Китоби рекордҳои Гиннес гирифтааст.

Бердимуҳаммадови 60–сола дар расми пӯшидашавии Панҷумин Бозиҳои осиёӣ, ки дар Ашқобод ҷараён дорад, суруди навашро муаррифӣ ва ҳамин тариқ рекорди нав гузоштанист. Бино ба хабарҳо ӯ таронаи “Ядимда”-ро, ки дар тарҷумаи тоҷикӣ “Ёд дорам” мешавад, бо ҳаммовозии 7,5 ҳазор нафар иҷро хоҳад кард. Ин дар ҳолест ки моҳи ноябри соли 2015 дар расми кушодашавии толори консертие дар шаҳри Марӣ Бердимуҳаммадов суруди “Ба пеш, ба пеш, танҳо ба пеш, кишвари ман Туркманистон”-ро иҷро кард ва наздики 4 ҳазор бо ӯ ҳамовозӣ карда буданд. Ин тарона он вақт шомили Китоби рекордҳои Гиннес шуд ва ҳамзамон ҳамчун суруди расмии Бозиҳои осиёӣ эълон гардид. Ин бори авал нест, ки Бердимуҳаммадов рекорди гузоштаи худро тағйир медиҳад. Маслан, апрели соли 2012 бо мошини “Volkicar”-и сохти Туркия ғолиби мусобиқаи пойга шуду рекорди нав гузошт.

Бердимуҳаммадов 10 сол мешавад, ки курсии президентиро дар ихтиёр дорад, аммо кам иттифоқ афтода, ки номи ӯ бо вазифаи аслиаш берун аз марзҳои ин кишвар баланд шуда бошад. Исмаш ҳамеша бо шуғлҳояш расонаӣ мешавад: гоҳе барои он ки ҳангоми тохтани асп аз болои он меафтад, гоҳе барои он ки дар ҳалқаи набераҳо суруд иҷро мекунад, гоҳе барои он ки ҳамчун “ди-ҷей” саҳнаро “метафсонад”... Чунин гоҳеҳо хеле зиёданд. Маслан, сентябре 2013 бо мошини варзишии “Alfa Romeo” аввалин шуда ба марра расид. Моҳи апрели соли 2013 ғолиби мусобиқаи асдавонӣ шуд ва 11,05 миллион доллар ҷоизаро ба даст овард. Аммо баъди расидан ба марра аз болои асп ба замин афтид...

Бердимуҳаммадов баъди марги Сапармурод Ниёзов ба қудрат расид. Даврони Ниёзовро авҷи шахспарастӣ дар Туркманистон медонанд: китоби “Рухнома”-и ӯ китоби дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ буд ва ҳайкалҳояш хиёбонҳоро “зеб” медод. Мегӯянд, ҳафтаву моҳҳо ба номи хешу табори вай буд. Аммо Бердимуҳаммадов низ дорад ба оҳистагӣ Ниёзови дуввум мешавад. Соли 2016 Вазорати маорифи Туркманистон дастур дод, дар мактабҳои ин кишвар гуфтовардҳо ва бахшҳое аз китоби “Сарчашмаи хирад”-и Бердимуҳаммадов истифода шаванд. Баъдан, дар расонаҳо хабаре нашр шуд, ки муҷассамаи 5-метрии президент дар пойтахти туркманистон гузошта мешавад. Қисми низомии №1001 дар Ашхобод ва Қасри фарҳанг дар Изгант ба номи падари ӯ гузошта шудааст. Мактаби миёнаи № 27 дар шаҳраки Изганд номи боби Бердимуҳаммадовро гирифтааст. Ҷашни 56-солагии Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро овозхонҳои номоваре чун Ҷеннифер Лопес, Мустафо Сандал, Ненси Аҷрам, Филипп Киркоров ва гуруҳи “Рефлекс” “доғ” карда буданд. Ҷеннифер Лопес таронаи машҳури “Happy Birthday, Mr. President”-ро иҷро кард ва аз сӯи ҳомиёни ҳуқуқи инсон мавриди интиқоди шадид қарор гирифт. .

Ин президенти ҳамакора дар китобнависӣ устухон надорад. Дар бораи асп, дар бораи чой, дар бораи тарзи ҳаёти солим, дар бораи гиёҳҳои шифобахш ва дар бораи қолин аз муҳимтарин мавзӯъҳоеанд, ки илҳоми китобнависии ӯро бедор мекунад.

Аз ҳама ҷолиб, ҳунари ҷангшиашро ба намоиш гузоштани Бердимуҳаммадов буд. Бердимуҳаммадов дар размоишҳои низомие, ки 1 августи соли равон дар наздикии Ашқобод доир шуд, ширкат ва ба роҳбарони ниҳодҳои низомӣ тарзи истифодаи силоҳу шамшерро омӯзонд. Дар навори шабакаи телевизионии "Асри тилоӣ" Бердимуҳаммадов бо либоси низомӣ сабт шуда, дида мешуд, ки аз снайпер ва таппонча тир мекушояд ва ҳамаи тирҳояш ба нишон мерасанд. Тарзи ҳаракат, чеҳра ва дар даст нигоҳ доштани силоҳ шабоҳатҳое ба филми машҳури Терминатор дорад.

Шояд дар зеҳнҳо саволе пайдо мешавад, ки Бердимуҳаммадов бо ин қадар шуғл кай фурсати машғул шудан ба масъулияти асосӣ – президентиаш вақт меёбад? Суоли баҷоест, ки ҷавобашро бисёриҳо намедонанд. Ман низ. Шояд ҳама механизмзҳои давлатдорӣ дар ин кишвар ба ҳадде роҳандозӣ шуда, ки ба сурати худкор анҷом мешавад ва ҳузури физикии президент чандон лозим нест?

Аслан танҳо Бердимуҳаммадов нест, ки шуғлҳои зиёде дорад. Президентҳои дигари кишварҳои пасошӯравӣ ҳам гуғлҳои дигаре доранд. Масалан Путин гоҳе ба паланги ваҳшиеро бо як нишон беҳуш мекунад, гоҳе бо хирси сафед акс мегирад...

Аммо ин ҳама дар назди шуғлҳои Бердимуҳаммадов ҳечанд. Ӯ ки чандин “рекорд”-и худашро шикаст, “7 водии нависандагӣ”-ро тай намуд, дар шоу бизнес худро санҷиду тиру кордро ба "ҷигар"-и нишон зад, нишон дод ки дар "шуғлсозӣ" аз ҳамтоёни дигараш чанд қадам пештар аст. Ҳатто дар “озмуни шуҳратпарастӣ” низ аз дигарон қафо нест ва аслан ҳамаи ин шуғлу намоишҳо гандуме дар осиёи шуҳратпарастӣ ҳастанд. Баландтарин мансаб ва болотарин сатҳи иҷтимоӣ дар дунё мақоми президентист, ки мутаасифона шуҳратпарастонро қонеъ намесозад. Ҳамин аст ки ҳар навбат бо унвоневу шуғлеву амале мехоҳанд номашон сари забонҳо бошад. Ҳоло маълум нест, ки “президент-супермен” дар оянда бо чӣ ҳунару шуғлаш ҳамаро моту маҳбут мекунад...

Таҳияи Абдулазизи ВОСЕЪ
Мӯҳр
Худочон Йигита хамика мекунад......... Натавони тангназари сахт зарар дорад, имп........ мешави......

мехмон
Барк доимо. Сузишвори арзон. Чои кор хаст. Мардуми мухочираш кам. Чи коре мекунад кардан гирад. Абдулазизи Восеъ ба ду нафар нон дода наметавонию президенти як давлате ки аз Точикистон дар иктисодиёт боло хаст зери танкид гирифтаи!??

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)