Бахшҳо

Кумитаи дин: Вазорати маориф иҷозаи таълимоти диниро надод

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба масоҷиди ҷомеъ, ки дархости роҳандозии таълимоти диниро кардаанд, иҷозатнома надодааст.

Дар ин бора ахиран масъулини Кумитаи дини Тоҷикистон зимни як ҳамоиш ба рӯзноманигорон иттилоъ доданд.

Сулаймон Давлатзода, раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон ба суол, ки наврасони тоҷик, аз ҷумла довталабони Донишкадаи исломӣ дар куҷо метавонанд аз таълимоти аввалияи динӣ бархӯрдор шаванд, посух дод, ки имтиҳони довталабони Донишкадаи исломӣ дар асоси барномаи таълимии макотиби миёна сурат мегирад: “Дохил шудан ба Донишкадаи исломӣ тариқи маркази тестӣ сурат мегирад ва аз фанҳое имтиҳон месупоранд, ки дар барномаи таълимии мактабҳои миёна мебошад”.

Масъулини Кумита изҳор доштанд, ки иттиҳодияи динӣ, масҷидҳои ҷомеъ метавонанд дар назди худ бо фароҳам овардани тамоми шароит марказҳои таълимии динӣ ташкил кунанд: “Иҷозатномаро барои таълими динӣ Вазорати маориф медиҳад. Аввал масоҷиди ҷомеъ барои роҳандозии таълим муроҷиат карданд, аммо иҷозатномаро дарёфт карда натавонистанд”.

Манбаъ афзуд, ки гуруҳи таълими динӣ танҳо дар назди Масҷиди Маркази исломӣ вуҷуд дорад, ки феълан фаъолият дорад.
Мӯҳр
Кӯдакон хондани намозро дар хона ҳам ёд мегиранд. Ҳаминаш кифоят мекунад.
Ин субҳ ахбори ҷаҳон хабар расонд, ки дар ш.Барселонаи Испания террористони исломи зодаи Марокаш бо мошини боркаш болои мардум дарафтоданд. 13 нафар кушта ва адади бешумор захмӣ шудаанд. Аъмоли хеле нангин. Ба назар мерасад, ки баъзе мусалмонҳоро ҷин задааст.

сарсонбой
Юсуф,
Садкаи номи Юсуф шави хамаи коментхоят зидди исломист,пас аз ду се руз мефахмики ин амалро ягон нажодпарасти фашист кардааст чуноне ки дар Амрико шуд,бад даматро намебарори

сарсонбой,
Эҳ, Сарсонбой, Сарсонбой! Ба фикрам саводи кофӣ надорӣ. Тавре русҳо мегӯянд, "у тебя два класса образования с философским уклоном". Ба фикрат фақат ту ва он террористон мусалмонанду дигарҳо осӣ? Мо як ҷомеаи демократӣ сохта истодаем. Бояд сафедро сафед гӯем, сиёҳро сиёҳ. Дар куҷо фармудаанд, ки мусулмон мусулмонро танқид карда наметавонад? Ту барин мусалмонҳо ҳамаи он ваҳшонияти ДИИШу Толибонро дидаву дониста, боз ҳам ҳабби хомӯшӣ ба даҳон гирифтаед. Яъне инки бо ақидаву аъмоли онҳо шарикед! Қариб ҳар ҳафта толибон аъмоли террористӣ ташкил мекунанд. Дар натиҷа даҳҳо мардуми бегуноҳи афғон ҷон аз даст медиҳанд. Дар ин торнамои Озодагон дар бораи амалҳои террористии ифротиёни исломӣ чандин мақола ва ахбор гузашт. Вале боре ҳам ман надидам, ки касе онҳоро маҳкум карда бошад. Ҳама хомӯш! Ё метарсед, ё онҳоро ботинан дастгирӣ мекунед. Яъне инки "шербачаҳои" ислом бояд зидди дигар дину мазҳабҳо ҷиҳод кунанд. Вале онеки ин террористонро гундишк барин дар ҷойи террорашон мепарронанд ва волидонашон хунмегирянд, барои тубаринҳо фарқ надорад. Ман метавонам дар ин бора ба ту соатҳо лексия хонам, лекин ҳис мекунам, ки фоида надорад. Карахтӣ дар ботини шумост. Шумо дигар тағйир намеёбед, на дар илми илоҳӣ, на дар илми дунявӣ.
Дуввум инки ман террористонро бад мегӯям, аз онҳо нафрат дорам, онҳоро ҳамеша маҳкум мекунам; чӣ исломӣ бошанд, чӣ насронӣ ё яҳудӣ. Ҳеч кас ҳақ надорад ба зиндагии дигар кас дахолат кунад! Ин аст принсипи умдаи озодии инсон ва демократия.

Юсуф мохиятан хак аст.....

Саломун алейкум кормандони муҳтарами сомонаи озодагон
Юсуф
Бародар Юсуф баъзе аз суханони шумо дуруст аст вале бояд шумо аввал дини исломро таъриф кунед ва қарни 3,4,5 мутолиа кунед бибинед мо мусалмонон бо яҳудиҳо масеҳиё ва дигар адён як ҷо будем дар канори ҳам тамаддуни волои исломиро сохтем дини Исломи азизи мо мухолифи ҳеҷ адёни осмонӣ нест. Набояд касофаткориҳои гурӯҳҳои мухталиферо ки бо номи ислом анҷом медиҳанд ба ислом сабт кунем. Ҳар салаеро сари ҳар касе мушоҳида мекунед Ислом он нест бародари азиз!
Муваффақ бошед

ДИНИ ПОКИ ИСЛОМ БА ЯГОООН КУМИТАВУ ВАЗОРАТ НИЁЗ НАДОРАД!!!

Мусулмонҳоро ҷин назадааст. Мусулмонҳо таҳти азобу шиканҷаи яҳудиҳо, масеҳиён ва бутпарастони абарқудрати ҷаҳон қарор доранд. Ва ин ҳам хости Худованд аст, ки чунин шуда истодааст. Фаромуш набояд кард, ки парешон кардани ҳама гуна ақида ва мавриди парастиш қарор додани он дар рӯи замин бо роҳи сулҳҷӯӣ ва осоишта ҷомаи амал намепӯшад.

Ленин Владимир Иличро аз хотир баровардед? Чӣ қадар диндорҳоро (аз байни ҳамаи намояндаҳои динҳои ҷаҳон) ба хотири ақидаи коммунизм қатл кард? Айнан мисли ҳамин Ленин дигарҳо ҳам кушта истодаанд. Он, ки дар
пули миллиашон менависанд: "Мо ба Худо бовар дорем", мутлақо дуруғ аст.

Худованд аҳкамулҳокимин аст. Ба мисли баъзе "судяҳо" пора намегирад. Лекин ҳукмаш одилтарин ҳукм аст ва хосташ бояд мавриди ризои бандагон бошад. Вале афсус, ки ин тавр нест. Вале, ҳаминаш аниқ аст, ки: "Муҳаббат ҷуз фанои мо немехоҳад, яқин бошад" ва "Меравам ман ба мақоме, ки ту ҳам меойӣ". Ин ду мисраъ ба қалами Мирзо Абдулқодири Бедил тааллуқ доранд.

Худо нигаҳдор!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)