Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 22 август 2017, 00:26

Трамп барои коҳиши дипломатҳояш ба Путин арзи сипос кард

12 август 2017, 11:53

Президенти ИМА Доналд Трамп 10 август ба ҳамтои руси худ Владимир Путин ба хотири тасмимаш дар бораи коҳиши ҳайати дипломатии Амрико дар Русия миннатдорӣ баён кард. Ба гуфтаи Трамп, Путин бо ин тасмимаш дар сарфаи пули буҷа ба ӯ кумак кард.

Ин паёми Трамп, ки ҳангоми суҳбат бо рӯзноманигорон дар қароргоҳи ӯ дар Ню-Ҷерсӣ садо дод, нахустин изҳороти президенти ИМА роҷеъ ба таҳримҳои ҷавобии Кремл буд. Ихроҷи дипломатҳои ИМА аз Русия яке аз доғтарин ҷанҷолҳо дар муносибатҳои байни ду кишвари рақиб аз замони Ҷанги Сард хоҳад буд.

Изҳороти президенти ИМА дар авҷи раванди таҳқиқи хабарҳо дар бораи созиши эҳтимолии пинҳонии Русия бо ситоди Трамп дар давраи интихобот садо дод. Трамп ҳамчунин гуфт, ки бозҷӯӣ шудани манзили зисти раҳбари пешини ситоди интихоботияш аз тарафи Идораи марказии тафтишотӣ ӯро дар "ҳайрат" гузошт.

Рӯзноманигороне, ки дар суҳбати президент ҳузур доштанд, гуфтанд, намедонанд, сухани Трамп дар бораи он ки Путин бо кам кардани ҳайати дипломатии Амрико дар иҷрои нақшаи коҳиши буҷаи Департаменти давлатии ИМА кумак кардааст, ҷиддӣ буд ё шӯхӣ.

"Мехоҳам, ба ӯ миннатдорӣ баён кунам. Зеро мо дар ҳоли ҳозир кӯшиш дорем, ки харҷи кормандонро коҳиш диҳем. Барои баргашти онҳо дигар ниёзе нест. Мо пули бисёреро сарфа хоҳем кард",- афзуд Трамп.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Трамп ин суханонро масхараомез гуфтааст, бо истеҳзо.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!