Бахшҳо

Шарҳи тағйиру иловаҳо ба қонуни танзим: Гаҳворабандону чиллагурезон бе забҳи чорво ва манъи ақиқа

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 11 август лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳоро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони кишвар ирсол намуд.

Дафтари матбуоти Президент мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ, дар баробари лоиҳаи мазкур, ҳамчунин лоиҳаҳои тағйриу иловавҳо ба қонун “Дар бораи маориф”, “Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ”, “Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ”, “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ”, Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии кишварро ҷиҳати баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод намудааст.

Манбаъ мегӯяд, лоиҳаҳои пешниҳодгардида дар асоси дархосту пешниҳоди сокинони кишвар зимни вохӯриҳо, баромадҳо тавассути воситаҳои ахбори омма, инчунин зимни мулоқот ба муносибати 10 солагии қабули қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон” 11 июли соли 2017 баён гардида буданд, таҳия гардидаанд: “Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои такмили Қонуни амалкунанда таҳия гардида, дар он ҷиҳати таҳкими фаъолияти комиссияҳои доимии маҳаллӣ ва ҷамъиятӣ, салоҳияти ин комиссияҳо меъёрҳо пешбинӣ гардидаанд. Дар лоиҳа як қатор меъёрҳои наве пешниҳод гардидаанд, ки онҳо барои ҳимояи манфиатҳои аҳолӣ равона карда шудаанд. Аз ҷумла, дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Қурбон оростани дастурхони маънавии хоксорона ва роҳ надодан ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ яке аз онҳост”.

Ба иттилои манбаъ, дар лоиҳаи мазкур тартиби нави гузаронидани хатнасур пешниҳод мегардад, ки тибқи он минбаъд хатнасур дар доираи оила ва бе хизматрасонии санъаткорон гузаронида мешавад: “Хатна бошад бо розигии падару модар аз рӯзи таваллуди писар то рӯзи бистуми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббии дахлдор ба таври ройгон бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ гузаронида мешавад. Дар ин маврид таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дар ин самт омӯхта шуда, дар асоси ин омӯзиш пешниҳод манзур гардидааст”.

Яке аз тағйиротҳои дигари лоиҳа ин аст, ки гузаронидани маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл ва дигар маъракаҳои ба таваллуди кӯдак вобаста дар доираи оила, бе забҳи чорво ва хизматрасонии санъаткорон иҷозат дода мешавад: “Гузаронидани маъракаи ақиқа манъ карда мешавад”.

Дафтари матбуоти раисҷумҳур мегӯяд, бар асоси тағйиротҳо ба моддаи 10-и қонуни амалкунанда, ки туи домодию арӯсиро ба танзим медарорад, дар баробари дигар маъракаҳои манъшуда, манъи гузаронидани маъракаҳои ноншиканон, модарталбон, падарталбон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтоз (роҳбандон) пешбинӣ гардидааст.

Манбаъ афзуд, дар ин модда меъёре пешбинӣ гардидааст, ки мувофиқи он падару модари домоду арӯс ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда бо маслиҳати тарафайн метавонанд ба ҷойи додани оши тӯй маблағи онро ҷиҳати беҳтар гардонидани шароити зиндагии навхонадорон сарф намоянд: “Бояд қайд кард, ки ин ташаббус аллакай дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат татбиқ шуда истодааст ва аз ҷониби мардум дастгирии худро ёфтааст”.

Тибқи тағйироти пешниҳодгардида ба моддаи 11-и қонуни мазкур, ки маросими дафну азодориро танзим менамоянд, минбаъд тамоми маросими дафну азодорӣ бе забҳи чорво ва бе додани таом бояд гузаронида шаванд. Бар аоси ин тағйрот, маросими “се”, “чил” ва “сол” бе забҳи чорво ва бе додани таом гузаронида мешаванд. Дар маросими дигари манъшудаи “оши сари тахта”, “душанбегӣ”, “ҷумъагӣ”, “ҳафт”, “бист” ва “шашмоҳагӣ” низ забҳи чорво ва додани таом манъ карда мешавад: “Инчунин бо мақсади ба низом даровардани гузаронидани маросими дафну азодорӣ тартиби гузаронидани онҳоро мақоми ваколатдор муайян мекунад”.

Ба иттилои манбаъ, бо назардошти дархостҳо ба моддаи 12-и қонун тағйирот пешниҳод карда шуда, гузаронидани маъракаи “ҳоҷизиёрат” манъ карда мешавад. Дар тағйиротҳои ба моддаи 14, ки тартиби баргузории ҷашну маросимро ба танзим медарорад, гуфта шудааст, ки дар асоси шартнома расонидани хизматрасониҳо пешбинӣ гардида, маъмурияти қаҳвахонаҳо, ошхонаҳо, тарабхона ва тӯйхонаҳо дар баробари соҳибони маърака барои шумораи даъватшудагон ва вақти баргузории тую маъракаҳо масъул мегарданд: “Бо назардошти таклифи сокинон ба моддаи 14 қонун пешниҳод гардидааст, ки мувофиқи онҳо тӯю маросим дар шаҳрҳо дар рӯзҳои истироҳат аз соати 8-00 то соати 22-00 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18-00 то соати 22-00, дар шаҳраку деҳот (аз ҷумла шаҳраку деҳоти тобеи шаҳр) дар рӯзҳои истироҳат аз 1 апрел то 31 октябр аз соати 6-00 то соати 22-00, аз 1 ноябр то 31 март аз соати 8-00 то соати 22-00 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18-00 то соати 22-00 гузаронида мешаванд. Давомнокии тӯю маросим то се соат муқаррар карда мешавад”.

Дар тағйру иловаҳои ин қонун пешниҳод гардидааст, ки ҳамзамон шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадор карда шаванд, ки ба рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва сару либоси миллӣ эҳтиром гузошта онҳоро аз таъсирҳои манфии замони муосир ҳифз намоянд: “Тибқи таҳлилҳо аксари мардум бар он ақидаанд, ки талаботи Қонуни мазкурро бештар шахсони мансабдор, хизматчиёни давлатӣ, сарватмандон, соҳибкорон ва ходимони дин вайрон мекунанд. Бо назардошти ин ҳолат ба Қонун меъёри нав пешниҳод гардидааст, ки мувофиқи он аъзои Ҳукумат, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, дигар шахсони мансабдори давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ, судяҳо, кормандони мақомоти прокуратура, амният, корҳои дохилӣ, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, андоз, гумрук ва хизматчиёни ҳарбӣ барои вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур аз ҷониби онҳо ва фарзандонашон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мансаб озод карда мешаванд”.

Дар назар аст, 23 август дар иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагон тағйиру иловаҳои нав ба қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баррасӣ шавад. Фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои даъвати иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагон имрӯз, 11 август ба имзо расид.
Мӯҳр
Точик
Бехтарин. Шахсан ман тарафдорам. Ин хама барои дастгири ва бех намудани сатхи зиндагии ахоли.

алик
туй дар деход бе додани оши нахор гузарад хубтар чунки 150 нафара зиёд мардум меояд нашава ки ними мардум таъом дихи нимаша не хубтараш тамоман манъ кунанд то байни мардум бо туй дор хафаги ба вучуд наояд бо якхел нафараш мегуяд ки аку фалони ош хурд навбати мода деги оша махкам каде

беном
еее чи гапай гуфтан ида ман мекнан туя ман мккнан акикара ман мекнан мегардем дига щищта хонада

Точик
Хамааш хуб, вале акика ин суннат аст, мкчбури нест, касе мехост мекард. Аксарияти мардум то хол намедонанд акика чист. Аз гахворабандону чиллагурезон акика бехтар буд.

Аброр
Бечора Саидмукаррам,боз чӣ фатво метарошида бошад!?

ман шахсан тарафдори ин тагирот дар конуни мазкур хастам ва умедворам ки ин конун аз суи намояндагони мачлис пазируфта шавад!!!
ва якчанд назари худро мехохам бигуям!
Мо точикон аксарият мардуми худнамо ва баномус хастем. чун вакте ин конун аз тарафи парлумон кабул шуд,шахсони сарватманд,ки хич мушкили моли надоранд ба таври пинхони мол хам мекушад ва дастархони дабдабанокхам меороянд.ва мардум камбизоат вакти мебинад ин ин сарватмандро онхо хам ба хотири бе обру нашудан дар чомеъ ва гапшунави мардум шудан ба кадри имконашон туе е хар маъракаи дигаро барпо мекунад..
бинобарин аз масъулоне ки болои назорати ин конун кор мекунанд хохиш менамоем хуб кор кунанд ва новобасти ба шахсияти мизбон чорахои зарури биандешанд, чун ин конун тай 10 сол мешавад чорист ва то имруз хич натичаи назаррасхам надодааст!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)