Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 22 август 2017, 00:27

Кӯмаки хайркорони Дубай ба тоҷикон: Ба мо Худо додаст...

11 август 2017, 14:09

Ҳайати 15 нафарии хайрхоҳон аз Раёсати барқ ва оби Дубай рӯзи ҷумъа барои кӯмак ба оилаҳои ниёзманди тоҷик ба Душанбе омадаанд.

Ин ҳайат ҳадафи сафарашонро “рисолати хайр” унвон карда, изҳор доштаанд, ки то 16-уми август ҳар рӯз даҳ соати вақташонро барои хайркорӣ дар Тоҷикистон истифода хоҳанд кард.

Ховла ал Муҳаирӣ, масъули раёсати обу барқи Дубай, бо зикри фақри густурда дар Тоҷикистон ба расонаҳои арабӣ изҳор доштааст, ки ба кишоварзони тоҷик ҳудуди 20 мошин тақдим хоҳанд кард: “Инчунин 600 мошини дӯзандагиро ба оилаҳои ниёзманд ва 400 ҷузвдони мактабиро толибилмон кӯмак мекунанд”.

Оиша ал Фаласӣ, хайркори 29-сола изҳор доштааст, ки ҳаёт дар Дубай осон аст: “Худо ба мо ин неъматро арзонӣ доштааст, аммо ҳастанд кишварҳое, ки камбуди обу ғизо доранд. Модоме, ки чунин имконият аст, бояд барои ниёзмандон кӯмак кунем”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Амин

  • 11 август 2017 16:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ман як оилаи ниёзмандеро медонам ки ба мошинаи дузандаги эхтиёч дорад, ба кучо мурочиат кунад намедонед?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
барои накзи конуни танзим онхоро баъди анчоми корашон дарав 50-60 хазори чарима кардан даркор
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шумо чи гуфта истодаед? Точикистон бихишти руи замин аст. Дар ин чо факр нест. ИН афсонаатонро ба Дубайятон баред. Хичи даркор нест...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом озодагон!!Ман як ойлаи камбизоат дорам.ба ман мошинаи дарздузи ва техникаи кишоварзи лозим аст.илтимос чавоб дихед
Посух додан
  • мафтуна

  • 15 август 2017 15:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Озодагон хохиш мекунам чавоб дихед ниёзмандо ба кучо мурочиат намоянд?

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!