Бахшҳо

(САДО) Агентӣ раиси пешини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро меҷӯяд: Ӯ дар гирифтани пора муттаҳам мешавад

Раёсати Агентии зиддифасод дар вилояти Суғд Абдусамад Маннонзода, раиси пешини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ҷустуҷӯ дорад.

Карим Иброҳимзод, сардори ин ниҳод дар суҳбат ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, Маннонзода “дар гирифтани пора дар ҳаҷми калон” муттаҳам мешавад. Ба гуфтаи ӯ, Абдусамад Маннонзода моҳи марти соли 2014 барои бо қарори худ вобаста намудани қитъаи замин аз Умаров Б.У, раиси Ассотсиатсияи илмӣ-истеҳсолии ба номи Раҳмон Набиеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 14000 доллар ва нақлиёти “Тойота-Камрӣ” (арзишаш 26000 доллар)-ро ба сифтаи пора гирифтааст. Умаров барои ташкили хоҷагии ёрирасони кишоварзӣ ба ҶДММ “Аҳмадов А” аз шаҳрванд Шарипов М.М. 100000 доллар гирифта будааст.

Ҷаноби Иброҳимзода афзуд, Маннонзода баъди гирфтани пора бо қарори раиси ноҳия таҳти №437, аз 13 майи соли 2014 ба ҷамъият 2,45 га заминҳои боғоти обӣ ҷудо кардааст.

Сардори Раёсати Агентии зиддифасод дар вилояти Суғд мегӯяд, моҳи марти соли 2017 алайҳи Умаров Б.У. бо моддаҳои 247, қисми 4, банди “б” ва 279, қисми 3-и Кодекси ҷиноятӣ ва нисбати Абдусамад Маннонзода бо аломатҳои моддаи 319, қисми 4, банди “г” парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, “бинобар дар кофтуков қарор доштани дувумӣ павранда дар истеҳсолот боздошта шудааст”.



Ба гуфтаи Карим Иброҳимзод, нақлиёти “Тойота-Камрӣ” аз ҷониби кормандони агентӣ дарёфт гардида, дар бинои Раёсат қарор дорад: “Маблағи боқимонда – 14 000 доллар ҳанӯз барқарор нашудааст ва ҳатман корҳо идома дода мешаванд”.

Ба гуфтаи Иброҳимзода, Маннонзода дар пайгарди байналмилал эълон нашудааст, зеро “он як тартиби муайяни худро дорад ва дар сурати ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои лозим он ба Интерпол супорида мешавад”.
Мӯҳр
вахдат
Баъди аз вазифа рафтан капидан даркор нест. Дар вакташ капидан лозим. Кобед айни хол чунин ахвол дар 68 шахру нохия мавчуд аст. Як ин не.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)