Бахшҳо

Вазир: Даврае, ки сабзӣ 20 ва картошка 60 дирам буд, гузашт (ВИДЕО)

Иззатулло Сатторӣ, вазири кишоварзии Тоҷикистон аз болоравии нархи маҳсулоти кишоварзӣ истиқбол карда, гуфт, даврае, ки сабзӣ 20 дираму картошка 50-60 дирам буд ва деҳқон зарар медид, гузашт.

Сатторӣ имрӯз, 19-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли “Озодагон” гуфт, картошка имрӯз аз арзиши аслияш 2 баробар қиматтар фурӯхта мешавад: “Вақте маҳсулот арзон мешаваду деҳқон зарар мебинад, касе ин масъаларо ба миён намегузорад. Намегӯем, чаро меваҷоту полезӣ, тарбузу харбуза нисбати ҳамин давраи соли гузашта арзон аст, деҳқон зарар мебинад. Аммо дар мавриди картошка мегӯем. Сабаби асосии баланд шудани нархи картошка дар он аст, ки деҳқон имрӯз, маҳсулоти худро аз арзиши аслии маҳсулот баландтар мефурӯшад. Арзиши аслӣ 1 сомонию 40, 1 сомонию 50 дирам аст. Имрӯз дар бозори “Сомон”, ки ба фуруши яклухт машғул аст, арзиши картошка 3,4-3,5 сомонӣ аст. Аз сари замин 2,5 то 3 сомонӣ харидорӣ мешавад, ба он нархи роҳкиро ва миёнаравҳо зам мешавад ва дар бозор ба фурӯш гузошта мешавад”.



Ӯ афзуд, ки дар маҷмуъ ҷонибдори болоравии нархҳо нест: "Танҳо мехоҳем, деҳқон маҳсулотро аз арзиши аслияш каме боло фурӯшаду зарар набинад. Тарафдорем, ки нархи маҳсулоти кишоварзӣ дастрас бошад. Картошкаро ҷамъ кардем. Аввалин мошинҳо аз Мастчоҳ, Панҷакент, Муъминобод, Шурообод ворид шуданд. Боварӣ дорам, ки нархи картошка арзон мешаваду баланд не".

Вазири кишоварзӣ таъкид намуд, ки фикри деҳқонро ҳам бояд кард, ки мехоҳад маҳсулоташро аз арзиши аслияш баландтар ба бозор барорад: “Деҳқон ҳам мисли мо одам аст, мехоҳад, соҳиби зиндагии шоиста бошад. Ба ҳамин хотир раҳми деҳқонро кӣ мехӯрад? Деҳқон дар кишту фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ озод аст”.

Сатторӣ иддаоро, ки баланд будани нарх, нишони кам будани маҳсулот дар бозор аст, рад карда, афзуд, маҳсулот, аз ҷумла пиёзу картошка дар бозорҳои пойтахт кофист.
Мӯҳр
Халк
нархи картошка дар ш Хоруг аз 1 кг- 8 то 9 сомони маоши мардум аз 500 то 600 сомони нархи барк дар 1-мох тобистон аз хама кам то 142 сомони мешад орд 50 кг- 175 сомони, сабзи 5 то 6 пиёз 6 сомони гушти гов 1кг -30 сомони помидор 1 кг 7-сомони бодиринг 1кг 5 сомони ин масалар дидан даркор зиндаги мардум вазнин бо ин нарххо хар руз боло мешанд

беном
мухтарам вазир росташ хело маро хандонидед. Шумо аз кучо медонед, ки картошка дар дасти дехкон 3,4-3,50 аст. дуруг чаноби вазир зеро шумо ягон бор ба назди дехкон нарафтаед ва нахохед рафт.

Точик
Инамитари вазиро дорем ки амитари мешава

раис
Халк,
аз кух фуроед ба даштхо кор кунеду баъд хуред.Гами худро худтон хуредХалк,

Боварӣ дорам, ки нархи картошка арзон мешаваду баланд не".

Нафака кай баланд мешавад.

Тамошобини цирк
Значит ба гуфтаи вазир хамаи давр гузарон аст!
Дуюм он ки кадоме чи тавре метавонад зиндагиашро бурдан гираду ба умеди мансабдорон нашаванд?

Мо тарафдори он,ки дехкон моди худро бо нархи дилхох, фурушад, аммо оё медонед, ки маоши миёнаи мардуми Мо чанд сомони аст?

миёнах,ол
ман 100% тарафи вазир,лекин Худованди бузург даромади вазирро баробари даромади ман бигардони.омин...

Точик
Картошкаи Покистон нест, барои хамин нарх боло рафт! Вазир бошад афсона мегуяд!

Наход вазири сохаи кишоварзи хамин тавр гуфта бошад? Расо коил кадед. Ана кадрхои Хукумату мана натичаи он!

Орип
Картошка аз Покистон ки ворид намекунанд бо сабаби банд будани роҳ нархи картоша баланд шуд. Ҳеҷ баҳонае намеëбанд дуруғ гуфтан мегиранд. Ту кай аз ҳоли деҳқон хабар дори. Ҳақи деҳқонро шумо мехуред мо не. Аз худ бе худ мешавам вақто суханҳои инҳоро мешунавам. Ҳозир мехостаҳоямро дар ҳақашон гуям боз нашр намекунед

5
гуфт, даврае, ки сабзӣ 20 дираму картошка 50-60 дирам буд ва деҳқон зарар медид, гузашт. Ба чои ин ки халки азизам мо кушиш мекунем ки майдонхои кишти картошкаро зиед намуда хамаро таъмин намоем чунин хулосарони бинед а товба.Бехтараш ба дехкон шароит фарохам оред у худаш медонад чи кор кунад.

Нархи махсулотро бозор нишон медихад, кишту истехсоли картошкаю пиёз кам аст нархашон баланд, кишту истехсоли тарбуз зиёд шуда нархаш паст шудааст. Соли оянда майдонхои кишт баракс мешавад, Чуноне, ки зикр шуд дехкон дар кишту фуруши махсулот озод аст. Арзиши аслии картошкаро ба фикрам камтар паст нишон додаед

Paymon
O vaziri "aziz" ku zaboni diplomatiya,ku mudrost.Shumo vazifador hasted mardumro oromu ba umed gardoned, na in ki kinoya zaned.Narhhoi 20 -30 dirama guizasht, charo mohonai past bolo nameravad?

Администратор барои чи шумо дируз навиштачоти маро дар коментарияхо нагузоштед.
Ё ин ки Шумо ба монанди дигаронед, боз гуфтанд ки шумо ростро менависед, ээээ шумо низ хам!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)