Бахшҳо

Муаллим 1600 сомонӣ музд мегирад, агар...

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бар асоси барномаи намунавӣ харҷи бунёдӣ барои як тарбиятгиранда дар соли 2018-ро 1675 сомонӣ ба нақша гирифтааст.

Икром Донахонов, сардори Раёсати иқтисод ва банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илми ин ниҳод 25 май дар маҳфили иқтисодии “Тавозун” дар шаҳри Душанбе гуфт, соли равон ба сари ҳар тарбиягиранда 1643 сомонӣ рост меояд. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир теъдоди тарбиятгирандаҳо дар ҷумҳурӣ ба 91001 нафар мерасад ва бар асоси ҳисобҳои пешакӣ соли оянда ин рақам 93731 нафарро ташкил хоҳад дод.

Ҷаноби Икромов музди миёнаи омӯзгоронро дар Тоҷикистон 743 сомонӣ гуфт ва таъкид намуд он давра ба давра боло меравад. Вай афзуд, ҳоло норасоии кадрӣ қариб ки аз байн рафта ва таваҷҷуҳ сари тахассуси омӯзгорон равона шудааст: “Агар омӯзгор маълумоти олӣ, категорияи олӣ дошта бошад ва бо 1,5 воҳиди корӣ кор кунад, маошаш ба 1600 сомонӣ мерасад”.

Ба иттилои манбаъ, маблағгузорӣ дар соҳаи маориф танҳо дар соли 2017 бештар аз 3 миллиард долларо ташкил медиҳад.
Мӯҳр
kulob
Аз 3 миллиард чи кадараш ба маош сарфа шудааст?

Ачиб! О соатхои як ставкаи муаллимро ду баробар зиёд кардаед ва дар системаи кредити, ки хич имкон намедихад, ки муаллим вакти ба кори илми машгул шуданро дихад, чи гуна муаллим 1, 5 ставка дарс мегирифтаасту хам зиндагиашро хуб мекардаасту хам донишашаро такмил медодааст.
Муаллим ин калла хаст, калла ин даст нест, ки дард хам кунад, як чизи нав истехсол кунад. Онро мачбур кор фармои аз идея додан мемонад! Дар мактаби оли хондаед, ки олимон мегуянд, ки касе, ки ба кори илми машгул мешавад, на камтар аз 8 то 9 соат бояд истирохат кунад. Муаллимро робот кардаед шумо? боз аз онхо савияи дониши донишчуро талаб мекунед.
Вазиру чонишинхояшро барои рохи халли масъалахои муаллимро осон гардондан вазифа додаанд, на барои мушкил гардонидани онхо.
Барои чи худи чонишин оид ба таълим ба ин саволхо чавоб намедихаду Донахонов ин проблемаро бояд "хал" мекардааст. Ё у дар катори "хубак"хо дохил мешавад.

директор
кадр бисëру лекин аз сабаби кам будани музди маош ва сари вак,т дасрас накардани маош бечора муаллим ба мухоч,ират ба мардикори мераванд!

Шояд муаллимон дар ноҳияҳо истисно бошанд, вале дар Душанбе онҳо бечора нестанд. Махсусан муаллимони литсей ва гимназияҳо. Онҳо соли дароз ҳам аз буҷаи давлат маоши калон мегиранд, ҳам аз кисаи падару модарон. Ахирон найрангашон ситондани пули ремонт аз талабагон шуд. Гарчи вазир Н.Саидов дар матбуот эълон карда буд, ки пули ремонтҷамкунӣ ғайри қонунист, директорон падару модаронро маҷбур карда ба протокол имзо мононданд, ки гӯё онҳо маблағи 50 сомониро сари ҳар як талаба ба сифати хайрия, ихтиёрӣ месупоранд. Ба ҳар сурат дар литсейи 55 Душанбе ҳам амали нангин сурат гирифт. Директор таҳдид кардааст, ки дар ғайри ҳол "бачаро аз мактаб гиред". Сари тоҷики беҷора ҳамеша хаму даҳонаш баста аст. Ҳатто як директораки мактаб болои ӯ раису ба сараш дод мезанад. Вой ба ҳолат миллати тарсу!

Омузгор аз деха
Мухатарам Вазири маориф дар чамоатохои нохияи Шурообод хозира Ш.Шохин хамин кадар ноадолатихост бас ногуфтани. кучахоро мерувем сумашро аз маоши мо, дарахт мехарем барои чамоат пулашро омузгорон чамъ кунед, комиссия меояд абед пули ужен пули, завтрак пули аз маоши мо, бо инак консерт медихем муалимон чамш кунен, дар диламон зад. Маоши мегирифтагимон хамаш бар бод меравад. Чи магар зану фарзандони гушна гарданд? Боз аламовараш ин аст, ки имсол пули пиларо низ аз чам карданд! Бовар накунед як бор аз Саричашма як дехаи дурдасти шуробод дидан кунед ё ягон касро пурсед. Озодагон дар дили мо устодони чабрдидара чоп кун!

Амрико
Ракамхо бисер чизхо мегуянд эконом карда синфхо 30 нафар барои як муаллим аз кучо сифат мешавад хама ради галочка тамом

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)