Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 27 май 2017, 11:17

Президент ғолиби мусобиқаи аспдавонӣ шуд (ВИДЕО)

1 май 2017, 14:40

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон дар мусобиқаи аспдавонӣ бахшида ба Рӯзи аспи туркманӣ ҷойи аввалро гирифта, ҷоиза-автомобили “Toyota Land Cruiser Prado”-ро ба асппарварон дод.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Бердимуҳаммадов, мусобиқа 29 апрел баргузор гашта, баробари Президент дар он 5 савораи касбии дигар аз панҷ вилояти Туркманистон ва аз пойтахт ширкат варзидаанд.

Ба иттилои манбаъ, мусобиқа дар масофаи 1,2 километр дар маҷмааи Ахалтекини Ашқобод баргузор гашта, Бердимуҳаммадов таҳти рақами “7” ин масофаро давоми 1 дақиқаву 25 сония тай кардааст.

Манбаъ мегӯяд, Президент бо аспи сиёҳмушкини Меросӣ, ки онро набераи Президент Каримгулӣ Бердимуҳаммадов парвариш кардааст, рақобат кардааст.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Май 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!