Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 27 май 2017, 11:12

“Ҷопонии зодаи Амрико ба чашми тоҷик корд зад”

21 апрел 2017, 15:13

Як шаҳрванди Амрико ба чашми шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистон корд задааст. Ин ҳодиса дар шаҳри Санкт-Петербург ба вуқӯъ пайвастааст.

Бино ба иттилои пулиси Русия, соати 19:00-и 20 апрел хабар гирифтаанд, ки дар меҳмонхонае, воқеъ дар кӯчаи Казани ноҳияи Адмирали Санкт Петербург муноқиша сар задааст: “Маъмурини пулис ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, муайян намудаанд, ки як ҷопонитабори муқими Амрико, ки 26 сол доштааст, бо шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистон муноқиша карда, бо корд ба чашми чапаш задааст”.

Манбаъ аз қавли табибон вазъи шаҳрванди Тоҷикистонро вазнин арзёбӣ карда, гуфтааст, амрикоӣ мавриди бозпурсӣ қарор дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Дарвеш

  • 21 апрел 2017 15:24
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худо накунаду точик чазо гирад боз..
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дарвеш,
рост рост, хулоса мебароранд, ки точик аз дасти амрикои капида бо бо чашми худ бо корд задааст
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Факат япони точика назада буд, хамин хам зад. Вой бар холат точик.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мебинед, ки фавран аз сафорати Амрико масъулин омада, он ҷопонитаборро таҳти ҳимоя қарор медиҳанд. Барои ҷабрдидаи тоҷики бахтбаргашта кӣ даву тоз мекарда бошад. Паси ҳар як амрикоӣ Трамп меистад. Паси тоҷик кӣ бошад? Аз ин хотир ман ҳамеша мегӯям, ки "ба ҳеҷ куҷо наравед. Шинед дар хонаатон. Дар лаҳзаи душвор ба шумо касе дасти кӯмак дароз карда наметавонад!" Ҳайҳот, аксари ҷавонон дар ҷустуҷӯи бадбахтиву марги худ боз ҳам озими Русия мешаванд. Ба қавле, "Бахт таваккал!"

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Май 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!