Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 28 июл 2017, 01:50

Дар Петроград як шаҳрванди Тоҷикистон аз ошёнаи сеюм афтидааст

21 апрел 2017, 14:45

Як шаҳрванди Тоҷикистон аз ошёнаи сеюми сохтмоне дар Русия ба замин афтидааст.

Расонаҳои русӣ мегӯянд, ҳодиса шоми 20 апрел дар ҳудуди иншооти “Ленполиграфмаш”-и кӯчаи Профессор Попови ноҳияи Петроград ба вуқӯъ пайвастааст. Ба иттилои манобеъ, ин мард 22-сол дошта, дар пайи ҳодиса чанд узви баданаш шикастааст. Ӯро дар ҳолати вазнин ба беморхона интиқол додаанд.

Намояндаи ширкате, ки ба корҳои сохтмонӣ дар “Ленполиграфмаш” машғул аст, ба расонаҳо гуфтааст, ҷавони сарозершуда корманди онҳо набуд ва ҳадафи ба қаламрави иншоот омадани ӯ маълум нест.

Ин бори аввал нест, ки хабари аз сохтмонҳо афтидани шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия паҳн мешавад. Бори охир моҳи феврали соли равон хабар расид, ки шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон аз ошёнаи 19-и сохтмони биное дар дар ноҳияи Приморски Санкт-Петербург афтидааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!