Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 28 апрел 2017, 01:48

Шикоят аз “бесабаб” гирифтани маблағи телефон ва тундгӯии кормандони “Билайн”

21 апрел 2017, 09:13

Як муштарии ширкати мобилии “Билайн” мегӯяд, ду рӯзи ахир аз тавозунаш маблағҳо бидуни огоҳӣ гирифта мешаванд.

Ин муштарӣ, ки худро Мижгон ном бурд, гуфт, аз бастаи интернетии “Чаққон” истфода мебарад ва бояд ҳамарӯза аз тавозунаш барои 50 мб 1 сомониву 20 дирам ситонида шавад: “Аммо рӯзи 19 апрел аз ҳисобам 7 ва рӯзи 20 апрел 6 сомонӣ гирифта шуд”.

Ба гуфтаи Мижгон, вақте рӯзи аввал ба хадамоти муштариёни ширкат тамос гирифт, ба ӯ гуфтаанд, “бо сабабҳои техникӣ" аз ҳисоби шумо маблағ гирифта шуд ва аз номи ширкат узр мепурсем. “Вақте 20 апрел дубора аз ҳисобам маблағ гирифтанд, боз ба ширкат занг задам. Дубора ҳамон гап такрор шуд, ки бо сабабҳои техникӣ ин ҳолат рух додааст. Ман талаб кардам, ки бо роҳбар ё намояндаашон пайваст кунанд. Як нафар, ки худро Нуриддин муаррифӣ кард, гуфт ба 0611 занг занам. Гуфтам, ки бо ҳамин рақам бо Шумо суҳбат дорам. Ӯ дубора маро ба нафари аввалӣ, ки номашро Аҳлиддин гуфт, пайваст намуд. Аммо Аҳлиддин бо як лафзи тунд суҳбат кард ва нахост арзамро бишнавад”.

Ин муштарӣ мегӯяд, ҳамин тавр натавонист бифаҳмад, ки агар гирифтани маблағаш бо далели фаннӣ бошад, онро дубора барқарор мекунанд ё на. "Ман хеле нороҳат шудам. Муносибати кормандони ширкат бо як муштарӣ набояд ин тавр бошад",-афзуд вай.

Шикоят аз “бесабаб” гирифтани маблағи телефон ва тундгӯии кормандони “Билайн”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
як гурух сокинони махалаи Чортути н Рудаки ки дар наздики шахри Душанбе вокеъ аст арз доранд ки дар махалаи онхо низ мавчи ширкати шабакаи Билайн нихоят бад аст аз дохили хона кариб ки сухбат карда намешавад ё ин ки дар руй хавли хам бошад дар занги якум тамоман алока кад мегардад маблаг масраф мешавад ва дар занги дуюм пайдо мешавад холо он ки хар як занге ки мо ба дилхох муштари занг мезанем ба 12 дирам баробар аст худ як казоват кунед ки аз хар як мушатрие ки бори авал занг мезанаду маблаги 12 дирам сарф мешавад ба хаво меравад ,Чанд борхо ба ширкати билайн мурочиат кардем аммо бе натича Хатттоо гуфтан ки айби симкорт хаст симкорти сиёх чоржи доданд боз бе натича аз кормандони ширкат хохиш доранд ки сари ин масала назорати чидди баранд........ то ки маблаги мардум барабод наравад .
Посух додан
  • Орип

  • 21 апрел 2017 10:23
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ширкати хубтар дар ҳоли ҳозир танҳо Бабилон аст гарчанде камбудиҳо дар нархҳои интернет бошад ҳам аз дигар ширкатҳо беҳтар аст. Ман дар симкорти Мегафон БИТ50 бо нархи 45,80 дирам пайваст кардам нишондоди интернеташ 128 Кб/с нависондаги бояд бошад лекин дар амал 18-20 Кб/с мебошад. Ин халқи бечораро то кай фиреб мекунанд . Ба ширкати занг мезанем сабабашро мепурсем ба шуъбаи техники пешниҳод мекунем гуфта бо ҳамин тамом. Бо нархҳои осмониашон хизматрасонии хуб ҳам надоранд
Посух додан
  • Хонанда

  • 21 апрел 2017 13:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба ман суръати интернетро 60 Кб/с гуфта мефурухт, аммо дар асл 8 Кб/с буд. Дигар аз Биллайн истифода намебарам.
Посух додан
  • Карим

  • 21 апрел 2017 14:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хамаи ширкатхои мобили дар Точикистон, хусусан Вавилон хамин корро мекунанд. Аз ожонсии мубориза зидди коррупсия хохиш мекунем,ки фаъолияти ширкатхои мобилиро сахт санчида бароянд.
Посух додан
  • Баха

  • 21 апрел 2017 18:02
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман симкорти билайн истифода мебарам ки худ ба худ балансам тамом мешавад.
Муштариёнро хафа накунед охи бас будагист.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!