Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 28 июл 2017, 01:50

Таъкиди Зуҳуров ба нақши калидии Раббонӣ ва Масъуд дар сулҳи тоҷикон

17 феврал 2017, 09:17

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар суҳбат бо Салоҳиддин Раббонӣ, вазири умури хориҷии Афғонистон гуфтааст, пешрафтҳои комили минтақа аз Афғонистон вобаста аст. Ӯ оромии Афғонистонро оромии минтақа хондааст.

Зуҳуров таъкид намудааст, ки Душанбе ҳамеша хостори таъмини суботу амният дар Афғонистон мебошад, “зеро мавҷуд будани оромӣ ва субот дар кишвари ҳамсоя барои тақвияти сулҳ ва якпорчагии дигар ҷумҳуриҳои ҳамҷавор ва дар маҷмуъ минтақа аст”. Раиси Маҷлиси намояндагон афзуда, ки аз шахсиятҳои бузурги таърихӣ Бурҳониддини Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд ҳамеша бо некӣ ёд мекунанд: “Ин ду шахсияти бузург, дар солҳои барои Тоҷикистон хеле душвор кумаки худро дареғ надоштанд. Ин шахсиятҳо дар сулҳи тоҷикон нақши калиди бозидаанд”.

Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин таъкид намудааст, ки дар Афғонистон бояд пружаҳое амалӣ шаванд, ки мардумро ба меҳнати осоишта ҷалб карда тавонанд. “Мо бояд ҳамкориҳои иқтисодиамонро бештар ривоҷ диҳем. Пеш аз ҳама мо бояд ба пружае, ки хати роҳи оҳани Тоҷикистону—Афғонистону—Покистонро бо ҳам мепайвандад, диққати ҷиддӣ диҳем. То кунун шаш пули калон Тоҷикистонро бо давлати ҳамсоя Афғонистон мепайвандад, ки онҳо маҳз ба ривоҷи савдои наздисарҳадӣ, мубодилаи молҳо, рафту омади шаҳрвандон ва дар ниҳояти кор ба беҳдошти зиндагии мардуми Афғонистон равона шудаанд”,-изҳор доштааст ӯ.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • неъмат

  • 17 феврал 2017 09:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Вобастаги аз чизе не, БА чизе мешавад.
Накшро намебозанд, мегузоранд.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!