Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 28 июл 2017, 01:51

Ҷонибдории Маҷлиси миллӣ аз бозхонди раиси Суди олии иқтисодӣ ва тавсифи Убайдуллоев аз Қаландарзода

17 феврал 2017, 08:16

Аъзои Маҷлиси миллии Тоҷикистон аз лоиҳаи қарори палатаи болоии парлумон дар бораи аз вазифаи раиси Суди олии иқтисодӣ бозхонд намудани Наим Мансурзода ҷонибдорӣ намуданд.

Маҳмадалӣ Ватанзода, ёрдамчии раисҷумҳур оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва намояндаи Президент дар парлумон панҷшанбеи 16 феврал аснои муаррифии ин лоиҳа аз аъзои Маҷлиси миллӣ хост, қарори дигари маҷлис дар бораи ба вазифаи раиси Суди олии иқтисодӣ интихоб шудани Мавлуда Қаландарзодаро ҷонибдорӣ намоянд. Ин пешниҳодро ҳамаи аъзои палатаи болоии парлумон тарафдорӣ карданд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев,
раиси Маҷлиси миллӣ хонум Қаландарзодаро барои интихоб шуданаш ба мақоми нав табрик гуфта, афзуд, “бисёр шодем, ки зан, бонуи зебо, хоҳари мо сарварии Суди олии иқтисодиро бар уҳда мегирад. Зан ифодагари адолат, ҳақиқат аст, дар васфи зан чӣ қадар сухане ки гӯем кам аст”.

Дар ҷаласаи дирӯз аъзои Маҷлиси миллӣ ҳамчунин қарорҳо дар бораи ба вазифаи судияи Суди олӣ интихоб шудани Қамарзода. Р, Мирзозода И.Ш. ва Саидзода М.М-ро ҷонибдорӣ намуданд.

Абдураҳмонзода Саидумрон Назар, ки ваколаташ дар узвияти Маҷлиси миллӣ қатъ гардида, феълан вазифаи муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зистро бар душ дорад, барои хизматҳояш ба ифтихорномаи Маҷлиси намояндагон сазовор дониста шуд.

Акс аз бойгонӣ


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!