Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 23 июн 2017, 15:18

Узбакистон аз Украина истирдоди ҷияни ҳамсари президентро хост

16 феврал 2017, 14:36

Додситонии кулли Узбакистон аз мақомоти Украина истирдоди Акбаралӣ Абдуллоев, ҷияни ҳамсари президенти пешини ин кишвар Ислом Каримовро дархост намуд, ки ба рабудани миллионҳо доллар, пинҳон доштани даромад, пулшӯӣ ва тақаллуби хидматӣ айбдор мешавад.

Додситонии кулли Узбакистон далелҳои истирдоди Акбаралӣ Абдуллоеви 33-соларо ба мақомоти Украина пешниҳод кард. Аммо вакили дифои ӯ ин далелҳоро “мутлақо беасос” меномад ва мегӯяд, Абдуллоев барои ин айбнома дар Ӯзбекистон аллакай муҷозот шудааст. Худи Абдуллоев аз додгоҳи ноҳияи Соломини шаҳри Киев хост, ба Узбакистон супурда нашавад, зеро дар маҳбасҳои ин кишвар шиканҷа ва рафтори ғайриинсонӣ ҷой дорад.

Акбаралӣ Абдуллоев 10 октябри соли 2013 ба содир кардани ҷиноятҳои сангини иқтисодӣ айбдор ва бо фармони президенти вақт Ислом Каримов боздошт шуда буд. Моҳи ноябри соли 2014 додгоҳ ӯро ба 15 соли ҳабс маҳкум кард. Баъдан мӯҳлати ҷазо то 6,5 сол кам карда шуд.

Пас аз ду соли зиндон Абдуллоев озод шуд. Аммо чанде пас аз фавти президент Каримов ба таври ғайриқонунӣ кишварро тарк кард. 14 январи имсол ӯ дар фурудгоҳи байнулмилалии Киев боздошт шуд. Марзбонони украин аз Абдуллоев шиносномаҳои Узбакистон ва Доминиканро дарёфт карданд. Додситонии кулли Узбакистон мегӯяд, боздошти Акбаралӣ Абдуллоевро аз пулиси байнулмилал дархост карда буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!