Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 28 апрел 2017, 01:39

Э.Раҳмон пирӯзии Бердимуҳаммадовро ба “эътимоди баланди мардум нисбат ба роҳи сиёсӣ”-и ӯ рабт дод

14 феврал 2017, 08:23

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар номае унвонии ҳамтои туркманаш ӯро барои пирӯзӣ дар интихоботи президентӣ табрик кардааст.

Дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон мегӯяд, дар ин нома ба Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз ҷумла гуфта мешавад: “Аз нав интихоб шудани Шумо ба ин маснади масъули давлатӣ баёнгари возеҳи эътимоди баланди мардум нисбат ба роҳи сиёсие мебошад, ки таҳти роҳбарии Шумо ба хотири шукуфоии бемайлони кишвар ва некуаҳволии мардуми он мавриди татбиқи амалӣ қарор дорад”.

Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ кардааст, ки давраи нави фаъолияти президентии Бердимуҳаммадов муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Туркманистон минбаъд низ ба нафъи ду давлат ва мардумонашон таҳкиму рушд хоҳанд ёфт.

Бино ба иттилои мақомоти Туркманистон дар интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар Бердимуҳаммадов 97,69 дар сади раъйи мардумро ба даст овардааст. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов соли 2006 баъд аз даргузашти Сафармурод Ниёзов, нахустин президенти Туркманистон ба курсии ӯ такя зад ва акнун 7 соли дигар онро ҳифз хоҳад кард.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!