Бахшҳо
18 янв 2017 17:08Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Искандаров: Ҷои “старекс”-у “мерседес”-ро автобусҳо мегиранд

Шаҳрдории Душанбе ният дорад, зина ба зина дар кӯчаҳои пойтахт ба ҷои “старекс”-у “мерседес”-ҳои мусофирбар ҳаракати автобусҳоро роҳандозӣ кунад.

Ғаюрбек Искандаров, директори муассисаи “Душанбенақлиётхадамотрасон" имрӯз, 18 январ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, баровардани автобусҳо ба ҷои “старекс”-у “мерседес”-ҳои нав аз ҳафтаи оянда оғоз мешавад: “Корро аз кӯчаи Неъмат Қарабоев оғоз мекунем ва зина ба зина монанди хиёбони марказӣ дар кӯчаҳои дигари пойтахт роҳандозӣ мешавад”.

Ӯ афзуд, барои таъмини талаботи пойтахт то моҳҳои апрел-май боз автобусҳои нав ворид мешаванд. Ба суол, ки автобусҳоро кӣ ва аз кадом давлат ворид мекунад, Искандаров посух дод, ки ҳукумат тендери байналмилалӣ эълон мекунад ва беҳтаринҳо интихоб хоҳанд шуд.

Раиси “Душанбенақлиётхадамотрасон” далели ивазкунии “старекс” ва “мерседес”-ҳоро ҳалли мушкили мусофирбарӣ ва ҷилавгирӣ аз танбашавии нақлиёт арзёбӣ кард.

Ин дар ҳолест, ки феълан дар Душанбе даҳҳо ҷамъиятҳои мусофирбарӣ фаъолият дошта, ҳудуди 2 ҳазор “старекс”-у “мерседес”-ро дар бар мегиранд.
Мӯҳр
Барои1000-2000 нафара аз кор махрум намудан авал чои кор барояшон созед.

мусофир
Ин икдом саривакти набуда сабаби зиёд шудани сафи бекорон дар пойтахт шуда метавонад. Зиёда аз 2000 шахрванди пойтахт бекор мемонад.

собир
то рохбарои Душанбе наклиет, рохбарои корхонахои автобусхо ва корхонаи насби троллейбус иваз нашанд системи чиптаву дуздии маблагхо гум намеша

Ого
Раиси нав конуни нав

Семичкафурушои кади кучарохам нав кнен аз ед набарорен аз семичкахам прибыли зур мегирен

Луи Барту
Ба мардум осон мегалтад аз 2000 нафар бекор мондан, илтимос худи раиси корхонаи душанбенаклиетхадамотрасонро иваз кунед.

Дурст, ин корро хар чи зудтар анчом додан лозим. Аз мафияи наклият ва сатхи пасти хизматрасонии "старекс"-хо тамоми сокинони шахр дар азоб аст....

Искандаров шумо старексора аз шахр бурорен мо зиндагимона чихели мегузаронем мо ба кучо мурочиат кунем ки Моро ба чои кор та мин кунанн

Бисёр икдоми хуб. Рости инро кайхо боз интизор будем аз дасти ин старексу мерседесхо шахр тартибу низоми худро комилан гум кардааст. На маданияти коидахои харакат дар рох на маданияти кашонидани мусофирон. Дар байни рох мошинро дошта бо якдигар пул сухбат мекунанд пули майда надори гуфта ким чихо мегуянд. Хулас бисёр икдоми хуб

Ҳоҷӣ
Ramik, Рамикҷон, зиқ нашавед, шумо автобус мехареду пули зиёдтар кор мекунед. Албатта автобусро танҳо аз шаҳрдорӣ мехаред да...

Аз хамун старексхое ки модарону хохарони мо дар багали ким кадом кас шиштана автобус нагзтар ба фикрам бовар кунед на фаросат хасту на хурмату эхтиром ронандагони имрузаи наклиёти шахри душанбе ва хусусан старексхо ба ном ронанда бояд гуломи мусофир бошад на ин ки мусофир гуломи ронанда ва бисёртар дар наклиётхои старекс чавононе фаъолият доранд ки аз кучаи фаросат гузаштаги нестан. ба чунон овози мусикихошон хаминкадар гушхарош ки боз кош ки ягон суруди пурмазмун бошад ким кадом реп хона монда асаби одама хароб месозанд бо хамин мусикихояшон бозь илтимос мекуни ки бародар хамун мусикията камтар паст кунед мега намефорад фаро ба такси рав, ва ё хамун 40 дирами бакията пурс гуё ки аз ронанда пул карз гирифта истодаи чунон бо як нигохи бад тарафат нигох мекунад ки гуё аз ронанда мачбури пуо талаб дорад мусофир шумо тасавур кунед дар як мох чанд сомони хар як мусофир хаки худашро бар об мепартояд ва фикр кунед ки аз ин кадар ахоли шахри азизамон душанбе ки руз то руз зиёд шуда истодааст чанд сомони ба фоидаи ронандагон мемонад...ин масаларо аз бовар дорам ки дар якчояги ва бо кумаки рохбарони тоза интихоби шахри душанбе бартараф хохем кард .......................Мо метавонем .............?????????

Бисёр нагмешава некем чонмон халос меша ай хами старекс спринтер

Тамоман койдахои харакатро риоя намекунанд, бисёр хуб меша хусни пойтахтамонам дигар меша

Сафар
Барои бехтар шудани сифати хизматрасонии наклиёт дар пойтахт сараввал рохбарони хамаи КВД "Автобус" КВД "Тролейбус" ва "Душанбенаклиётхадамотрасонро" фавран аз вазифа озод ва шахсони дилсуз ба ин сохаро таъин намуд. Огои Хайрулло, Хамза ва Гаюрбек низоми таъминоти наклиётро таъмин карда натавонистанд. Рустамчон агар ин нафаронро аз кор озод намуда ба чои ин нафарон шахсони дилу нияти покдоштаро таъин намоянд бисёр хуб мешуд.

давно пора....мардум безор ай ами старексхо

давно пора ...лучше нормально сидет в автобусе чем горбатится в этих старексах

ака мардума фикр намекунен ки автобус нахрш чи кадар гарон аст?сатхи бекорон руз ба руз зиед мешад акалан стерексора аз шахр берун меброрен мардумро бо чои кор таьмин мекунан

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)