Бахшҳо
18 янв 2017 16:04Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Кумитаи сохтмон: Барои хиштҳои ба ГОСТ ҷавобгӯнабуда, “Тоҷикстандарт” ҷавобгӯ аст

Як санҷиши Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон ошкор кардааст, ки 61 дарсади корхонаи истеҳсоли хишт ба талабот ҷавобгӯ нест.

Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон дар нишасти хабарии рӯзи 18 январ гуфт, дар қаламрави ҷумҳурӣ 138 корхонаи хиштбарорӣ мавҷуд аст, ки аз ин танҳо 59-тоаш фаъол ҳастанд: “79 корхона бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла маҳдудияти барқ, фаъолият намекунанд, 32 корхонаи дигар бо сабабҳои танқисии иқтисодӣ, пастсифативу ба фурӯш нарафтани хишт аз фаъолият бозмондаанд”.

Ҷаноби Аҳмадзода афзуд, дар пайи санҷиш маълум гардид, ки хиштҳои истеҳсолкардаи 36 корхона аз ҷиҳати андоза ва дурустии намуди зоҳирӣ ҷавобгӯи ГОСТ намебошанд: “Мо ба ҳар як пажуҳишгоҳ супориш додем, ки новобаста аз гаронии нархи маҳсулот дар лоиҳа истифодаи масолеҳи сохтумонии баландсифатро илова кунанд”.

Раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон афзуд, бояд “Тоҷикстандарт” ба ин масъала ҷиддӣ машғул шавад, зеро ин ширкат масъули пешниҳоди сертификати мутобиқати маҳсулот аст: “Ин вобаста аз “Тоҷикстандарт” мебошад ва мо маълумотҳоро ба онҳо пешниҳод кардем, онҳо сертификати мутобиқати маҳсулотро медиҳанд. Сертификатро медиҳанд, онҳо ҷавобгӯ мебошанд. Яъне, барои чӣ сертификат медиҳанду андозаҳои хишт мувофиқат намекунанд? Боварии комил дорем, ки ҷониби онҳо низ сари ин масъала кор мекунанд ва сифат беҳтар мешавад”.

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон дар садади эълони озмуни “хишти беҳтарин” дар Рӯзи сохтумончиён аст. Ҷамшед Аҳмадзода гуфт: “Шояд бо ин васила истеҳсолкунандагони хишт фаҳманд, ки бояд сифати хиштро беҳтар кард”.
Мӯҳр
Салим
Айби Точикстандарт аст. Пула мегиранду санади дуруг медиханд. Як-дуташа суд кунанд баъд мефахманд. Охир дар он хонахо одамон зиндагй мекунанд-ку!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)