Бахшҳо

“Агар аз рӯи нақшаи генералии шаҳри Душанбе амал кунем, мушкили 1 миллион сокинро ҳал мекунем”

Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон дар мавриди инфрасохтори куҳнаю ғайриқаноатбахши шаҳри Душанбе гуфт, барои ҳалли ин мушкил тарҳи нав ба ҳукумат пешниҳод шудааст.

Аҳмадзода имрӯз, 18-уми январ зимни нишасти хабарӣ дар посух ба суоли “Озодагон” гуфт, генплани нав ва тарҳи инфрасохтори мутобиқ ба талаботи 1 миллион сокинро ба ҳукумат пешниҳод кардаанд. Ӯ афзуд, хатти барқу гармию обро барои тамоми аҳолии Душанбе ба нақша гирифта, ба ҳукумати кишвар пешниҳод кардаанд: “Агар аз рӯи нақшаи генералии шаҳри Душанбе амал кунем, мушкилии зиёда аз 1 миллион сокини пойтахтро ҳал мекунем. Хатҳои муҳандисиро мо соли 2015 муайян карда будем, ки дар муҳлати кӯтоҳ, миёна ва дароз чӣ кор бояд кард. Ҳамаи инро ба ҳукумати кишвар пешниҳод кардем. Дар нақшаи генералии шаҳри Душанбе ҳамаи ин барои аҳолӣ, ки зиёд мешавад ба назар гирифта шудааст. Ин ҳама дар дурнамои нақшаи генералӣ ба назар гирифта шудааст”.

Ба асоси нақшаи пешниҳодкардаи Кумитаи сохтмону меъморӣ то соли 2040 масоҳати Душанбе аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ ҳудуди 9,5 ҳазор гектар бештар хоҳад шуд.

Ахиран Рустами Эмомалӣ, раиси навтаъини пойтахт зимни ҷаласааш дар шаҳрдорӣ гуфт, Душанбе калонтарин шаҳри Тоҷикистон мебошад ва инфрасохтори он мутобиқ ба меъёрҳои 40-50 соли пеш, яъне асри гузашта сохта шудааст: “Дар баробари он аҳолии пойтахт сол то сол афзоиш ёфта, имрӯз беш аз 1 миллион нафарро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки шабакаҳои обу коррез, хатҳои барқу алоқа, муассисаҳои маорифу тандурустӣ дар сатҳи аҳолии 400-500 ҳазор нафари солҳои пешӣ боқӣ монда, барои хизматрасонии комил барои сокинони шаҳр нокифоя мебошанд. Мо ва шумо тамоми имкониятҳоро барои ҳалли мушкилот равона кунем”.
Мӯҳр
Чавон
Мо бовари дорем,ки мухтарам Рустами Эмомали , шахри Душанберо дар муддати кутохтарин ба яке аз шахрхои ободу зебо табдил медихад.

Чавон,
Мо хам бовари дорем, ки Рустам Эмомали аз ухдаи ободкунии Душанбешахр мебарояд. Лекин як шарт хамин ки аз хамин хел сафсатгухо халос шавад. Ин чи хел Генплан, ки то хозир аз руи он кор намекардаанд боз ба Хукумат хам мурочиат шудааст. Ба худо ин хел мутахассисон кати шахр як тараф истад як деха бунед кардан мушкил хонасози дар шахр маълум ба ягон модел рост намоеояд. Шахрхои ИДМ ба худ обру-репутатсия доранд Ашхобод шахри мармарин ва гайраву хоказо Душанбе имсол ба кадом як назарпурсии сарсари шахри бадтарин шуд хулоса баровардан даркор. Як тараф меъмории чини як тараф меъмории москвагии соли 2000 тарафи дигар омехтаи ким кадом бинохои дигари нотамоми азнавсохташуда ягон хисобу китоб нест, як чои дигар бино ранги лимон. Хайр хамин хел кайсари кати шахр сохта мешавад? О хозир барои ба шахри дигар рафтану дидан таёра лозим нест. Бобои Интернет хамаи инфрасохторрро метияд факат кала даркор на сала.Бад гапи бисер як хара бор.Муваффак бошед мухтарам Раиси ш. Душанбе.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)