Бахшҳо

Таҳдиди худкушии модари танҳои ду маъюб дар Душанбе (АКСУ ВИДЕО)

Мастура Илёсова, модари танҳои ду кӯдаки бемор, ки шоми 11-уми январ овозаи таҳдиди худкушияш дар Душанбе паҳн шуд, изҳор медорад, ки роҳи дигареро барои баромадан аз мушкилот наёфт.

Шоми 11-уми январ дар пайи дарёфти хабар, ки зане дар маҳаллаи Қарияи боло таҳдиди худкушӣ дорад, хабарнигори “Озодагон” ҳамроҳи чанд рӯзноманигори дигар ба ҷои ҳодиса ҳозир шуд. Муайян гардид, ки нафари мавриди назар Мастура Илёсова, модари ду фарзанди маъюб, ки дар гузашта ду бор қасди худкушӣ кардааст, аммо аз ҷониби табибон наҷот дода шудааст.

Илёсова, ки дар ҳуҷрае дар маҳаллаи Қарияи боло иҷоранишин аст ба хабарнигорон гуфт, баъди ҳалокати шавҳараш дар дар садама дар соли 2006 ҳамроҳи фарзандон дар кӯча монд: “Буданд вақтҳое, ки дар таҳхонаҳо зиндагӣ мекардем, нон надоштам, талабандагӣ мекардам. Ҳозир як кор ёфтам дар мактаб фаррошам. Фарзанди аввалам, ки маъюб аст дар интернати Ҳисор мебошад. Шукр шароиташ хуб. Фарзанди дигарам низ бемор ва ҳамроҳи ман саргардон аст”.

Ба гуфтаи Илёсова наздикони шавҳари марҳумаш ҳаққи мероси фарзандонашро надоданд ва мақомот ба додаш намерасанд: “Дар суд пул талаб карданд, надоштам. Ҳатто вақте кӯррӯда (апендесит)-и фарзандам кафид, то чалаамро надодам, ҷарроҳӣ накарданд”.

Ин модари танҳо афзуд баъд аз чандин талошҳояш барои беҳбудии зиндагияш, ки бенатиҷа анҷом ёфтанд, маҷбур шуд қасди худкушӣ кунад: “Як бор пешгирӣ карданд, боз ду бор дору хурдам, ки фаҳмиданду маро дар беморхона тоза карданд. Ростӣ зиндагӣ одамро маҷбур мекардааст, ки аз ҷонаш ҳам гузарад”.

Ин модари танҳо мегӯяд, ягона мақсадаш наҷоти фарзандон аз дарбадарӣ дар оянда аст: “Аз соли 2006 ба ҳукумати ноҳияи Фирдавсӣ ариза додам ва дар навбатам. Ақаллан як сотих заминам диҳанд, ки фарзандонам дар оянда дарбадар нашаванд”.




Таҳдиди худкушии модари танҳои ду маъюб дар Душанбе (АКСУ ВИДЕО)

Таҳдиди худкушии модари танҳои ду маъюб дар Душанбе (АКСУ ВИДЕО)

Таҳдиди худкушии модари танҳои ду маъюб дар Душанбе (АКСУ ВИДЕО)
Мӯҳр
Али
Хеле дарднок аст, вакте модар саргардон асту фарзанд ин хама дарду доги уро мебинад.....Ба руху равонаш хатман таъсир мерасонад. Бояд барои ин амал хамон судяхо, духтурони бьерахму бешафкати порахур ва хар нафари дигари бепарво ва бетарафу бе масъулият аз маком барканор карда шавад, чазо дода шавад, то адолат бо гузашти солхо хам ки бошад, баркарор шавад.Баъди ин расонаи шудан, ман хавф дорам, ки ин модари бечораро аз хамон хучраи ичораву муваккати хам пеш накунанд......(((((((((((((((

о точикистон бихишти дунё аст мегуянд-ку кариб фиреб хурда ба он чо бармегаштам

Точик
Наход дар Точикистон як нафар ефт нашавад, ки дасти ин занро бигирад!

Курбон
Вазири тандурусти бояд ба истеьфо равад. Ришваситони дар вазорати тандурусти ба нуктаи баландтаринаш расидааст.

Мо чавонон пайрави аз пешвои миллат мекунем. Шукронаи ободиву тенчиву пурии ватан мекунем.

Модару кудак тахти химоя ва гамхорихои давлатаст, хаминтавр не!
Озодагон бехтари хизматро дар хакки мардум шумо мекунед. Чаро шабакахои давлатии ТV чунин масъалахоро барраси намекунанд.

Уфф и ранҷу азоби модарони мо кай тамом мешида боша. Дард аст барои ҳар фард. Муҳтарам вазир ҳами номи беморхонаи Қарияи болоро номи Қарияи пулхурҳо номед. Айб аст айб...................

табиб
Дар хакикат дар даромадгохои беморхонахо хозир то пул наспори ворид шуда наметавони каме ба сохаи тандурусти назар кардан лозим хозир маъзарат хама корхонахо пул гуфта шиштан ривезёраш пул санчишошам пул хохиш аз дастгохи ичроия ки худаш як бор сари ин масъала фикр кунад то шахсони поку дилсузи ватанро мансаб тиян то бадоди халку милат расан

Шамсулло
Хамин Убайдуллоев як бор бинад, ки дар садхо хонахои нав сохташуда кихо зиндагй мекунанд.

Гулбарг
мушкилии як нафарро, ки дидем, даррав гилаю чингиларо аз ин Ватану рохбарон сар мекунем. Чаро як бор намепурсед, ки чаро баъди вафоти шавхараш у дар куча мондааст? Боварии кас намеояд, ки бобою биби ва ё амакхо ду тифлаки маъсуми маъюбро бароварда дар куча партоянд.

Шамсулло,
Хами шикояти ту ба гуши болоихо хурд ина махмасаида озод кардан аз вазифааш

Бародаро хар касе метавонад ба хамин модари азиз чени метавонистагиш ердам кунем кумак мешавад ана ин закот мешавад аз озодагон хохиш карда шавад ки ин модар як суратхисоб кушояд модари азиз касе дар хаки ту номарди кардай дар ин дунье ва охират азобша мебинад хадиси пайгамбари худо бихишт зери пои модарон аст

ШШШШШШШШ
Нав бо нархи оби гачдолу пур аз хлорашон бардоштан. Нархи кувваи барк дар 7 осомон. Андози аз хама баланд. Нархи гумруки баланд ва МАОШИ ПАСТ, ба нест нобудии миллат оварда мерасонад. Айб аст айб. Камта гами халка хурдан даркор.

музаффар
Дар тоҷикистон соҳибкорои пулдор бисëр аст мисли Аваз кабиров Умар Алиматов Инҳо даҳбори хонаи Худоро зиëрат накунан дасти инхел одамора гиран инҳам яг ҳаҷи мешавад
Али,
Али,

Модари азиз! бо худкушии шумо ягон рохбар зик намешавад ё ягонтаи онхоро ба чавобгари намекашанд. Барои хамин худкуши аз назари ислом харом аст яънеки касе худкуши мекунад харом мемурад . Фикри фарзандони маъюбатонро кунед иншаалоh мерасад рузе ки боз хушу хурсандона бо хамрохии фарзандони дуструякатон зиндагони мекунед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)