Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 23 июн 2017, 15:19

Издивоҷ бо бемори СПИД баъди муроҷиат ба Президент

11 январ 2017, 13:01

Шералӣ Раҳматуллоев, масъули Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, то ҳол 32 ҳазор арӯсу домодшавандаро қабл аз издивоҷ ташхис кардаанд.

Раҳматуллоев, имрӯз, 11-уми январ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, миёни ташхисшудаҳо 161 мубталои бемории гепаттити В, 30 гепаттити С, 9 бемори СПИД, 8 сил ва 2 мубталои бемории оташакро ошкор кардаанд.

Ӯ афзуд, бемороне, ки табобатшавандаанд баъди табобат хонадор мешаванд. Дар мавриди мубталоёни СПИД Раҳматуллоев гуфт, ки хонадоршавандаҳоро аз беморӣ огоҳ мекунанд, вале тасмим дигар аз онҳост.

Ӯ бо такя ба қонунгузорӣ илова намуд, ки издивоҷи мубталои СПИД бо нафари солим манъ аст, аммо баъзан ошиқон барои издивоҷ талош мекунанд.

Раҳматуллоев қазияи як ҷуфти ошиқонро зикр кард, ки зимни ташхиси пеш аз издивоҷ муайян шуд, ки яке аз онҳо мубталои СПИД мебошад: “Аммо ин ҷуфт барои издивоҷ талош карданд ва ҳатто ба Ҷаноби Олӣ муроҷиат намуданд. Ниҳоят хонадор шуданд”.

Ин масъули Вазорати тандурустӣ гуфт, мубталоёни СПИД-ро, ки тасмими хонадоршавӣ доранд, зери назорат қарор медиҳанд ва талош мекунанд, ки аз онҳо фарзанди солим ба дунё ояд: “То 98 дарсади фарзандони ин беморон солим ба дунё меоянд”.

Раҳматуллоев афзуд, меъёри қонунгузорӣ, ки издивоҷи мубталоёни СПИД-ро мамнуъ мекунад, дар назар аст, ки бозбинӣ шавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Конуне, ки никохи беморони мубталои Спидро манъ мекунад, набояд бознигари шавад, Баръакс, ичрои катъии меъёри ин Конунро таъмин кардан лозим аст. Ишку ошики хасту меравад, вале солимии миллат афзалият дорад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аввал он, ки рузноманигор ва худ масъулини вазорати тандурусти СПИД "БПНМ" ро аз ВИЧ (ВНМО) фарк мекарданд баъд суханрони мекарданд ва ё худ макола менавиштанд.
Дигар он, ки конунгузор на дар кодекси оила ва на дар конун дар бораи мубориза бо ВИЧ/СПИД ва дигар конунхо манъи издивочро пешбини накардааст.
Танхо хангоми бастани ахди никох, агар никохшавандагон стутуси худро пинхон нигах доранд ва ин боиси ба ВНМО дучор шудани яке аз онхо гардад он гох ахди никох беэтибор дониста шуда чавобгарии чинои дорад , лек хангоми ошкор будани статуси никохшавандагон хеч монеае барои бастани ахди никох вучуд надорад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!