Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 28 апрел 2017, 01:44

Муҷозоти 10 имом-хатиб барои бемасъулиятӣ

11 январ 2017, 10:38

Додситонии шаҳри Кӯлоб мегӯяд, 10 имом-хатиби масҷидҳои ин шаҳр ҷаримабандӣ шудаанд.

Раҳмоналӣ Имомзода, додситони шаҳри Кӯлоб дар нишасти хабарии ниҳодаш гуфт, ин имом-хатибон аз масҷидҳои деҳаҳои Файзободи Боло, Навобод, Куҳнашаҳр, Корези боло, Бешкаппа ва Анваробод буда, барои бемасъулятӣ ва камбудӣ дар масҷидҳои таҳти ихтиёрашон муҷозот шудаанд: “Ҳар кадоми онҳо ҷарима шуда, нисбати дигар масҷидҳо назорати ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст”.

Аммо оқои Имомзода шарҳ надод, ки имом-хатибон дар иҷрои кадом уҳдадории худ бемасъулиятӣ карда ва чӣ нуқсҳое дар масҷидҳо ошкор шудааст.

Дар нишасти додситонӣ таъкид шуд, дар шаҳри Кӯлоб 72 масҷиди расмӣ фаъолият дошта, ҷойи 54 масҷиди ғайрирасмӣ варзишгоҳ, хонаи истиқоматӣ, утоқи кории нозири минтақавӣ, боғчаи бачагона ва бунгоҳи тиббӣ таъсис ёфтааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамон масчидхоро мардум тарики хашару маблаггузори карда бо хотири намозхони захмат кашида сохтаанд , шумо гайриконуни гуфта таёрак мегиреду бо манфиати худ истифода мебаред!!!
Хайр хеч гап не барои конуни буданашон ёри расонед ,аз хисоби буча набошад рахм бар мусулмонхо кунед.
Охир дар 1 ё 2 соатку ба хотири китобхонаву ошхонаву кахвахона ,хучатхоро таёр карда метавонед ё барои масчид будан хучатхоро аз осмон овардан лозим?
Наход дар масчид нуксонхо бошанду ,дар (дискотекахои шабонаву интернеткафехое ,ки чавонон якдигаро мекушанду аз рамкахои одамгари мебароянд) нуксон мушохида накардед?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Акаи азиз масчид набуд намоз раво буд. Масчид 75 то намоз хон кариб нест. Чи чои гиряю нола. Сара хам карда Шукр гуед. Дар хамсоя харруз таркиш............
Посух додан
  • Ислом

  • 11 январ 2017 14:02
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сохтани биноҳои фароғативу давлатӣ,варзишӣ ва тиҷоратӣ бар зимаи ҳукумат аст на балки моли халқ сохтаро табдил ба ғайри масҷид мубадал созӣ.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Саид,
Як эшон аст дар дехаи мо аммо саводи кофи надорад. Вакте эмомхатиб интихоб карданда мардум як муллои хондагии босаодро эмом монданд. И эшон кахр кард дигар масчид наомад авал бахона кард ки рохи масчид дур аст наметонм омада баъд гуфт ки ман эшонм ай пушти муллои халкия намоз намехонм рафт... Як учаскайи замин дошт бо хашар як бино сохт гуфт инча масчид. Мардуми хаму кучара гуфтаст ки шумо дигар ба у масчити деха наравен масчити ман биен... Касе ба пеши масчидаш гузашта масчиди деха мерафт мегуфт уболи масчиди ман мегиратон агар наоен. Мардум хам метарсид эшон пуштш покай гуфта дуо накна бо масчиди эшон мерафтан дига. Мардуми деха ба ду гурух таксим шид нофахмиё сар шид. Намозхонхои масчиди эшон протифи масчити деха... Раиси чамоату нохия хам метарсид эшона хичи намегуфтанд. Масчиди эшон офисш буд дар хамончой хам дуохони мекард, тумору таштов менавист, никох мекард, бахткушои мекард духтарову бевахора ва...
Бади ами конун фармон ай болохай гуфта масчиди эшона махкам карданд... Зимистони гузашта эшон масчиди бо хашари мардум сохтаро аспхона кардааст... Холо хамаи мардум мсчиди деха мераванд хама якдигарфахми дусту бародар шидагиян...
Саид, худат бигу масчити дуюмро махкам каданаш хуб шуд ё бад? Чаро эшон метавонстааст ки масчиди бо хашар сохтаро огили асп кунаду макомот натавонанд ки онро беморхона барои мардум кунанд? Ва садхо чарои дигар...?

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!