Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 23 июн 2017, 15:15

Волидон раванди дарсомӯзии донишҷӯёнро “онлайн” назорат мекунанд

10 январ 2017, 17:56

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасмим дорад, бо фароҳам кардани шароити лозим назорати волидон тариқи интернет аз раванди дарсомӯзии фарзандонашонро имконпазир намояд.

Муҳаммадюсуф Имомзода, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 10 январ дар нишасти хабарие дар Душанбе гуфт, дар пайи баррасиҳо сари масъалаи назорати виртуалии ҷараёни таълим дар донишгоҳ тасмим гирифтаанд, ки аввали семестри дуюм, яъне шурӯъ аз феврали соли 2017 ба таври пилотӣ дар заминаи як-ду факулта ин иқдомро роҳандозӣ намоянд. “Волидон ё дигар шахсон метавонанд тавассути интернет пурра дарсҳоро назорат кунанд. Волидон мебинанд, ки фарзанди онҳо ҳангоми дарс ба чӣ кор машғуланд ва ё устоди донишгоҳи мо чӣ гуна дарс мегузаранд. Ният дорем, дар солҳои минбаъда тамоми факултаҳоро бо ин низом фаро гирем”,-таъкид намуд ӯ.

Оқои Имомзода афзуд, тамоми талоши худро барои омода сохтани кадрҳои болаёқат анҷом дода, мехоҳанд мутахассисонро дар хориҷи кишвар ҳамчун муаррифгари Тоҷикистон бубинад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Албаттаволидон дар таълиму тарбияи фарзанд бояд иштирок намоянд вале ин назорати сартосарии донишчуён аз ноухдабароии омузгорон низ дарак медихад, ки аудиторияро идора карда наметавонанд. Тарбияи донишчуи бомаърифат тавассути назорати сартосари мумкин аст вале донишомузи чизи тамоман дигар аст. Фарз кардем хамун презентатсияро таер карда устод дарс мегузарад (аниктараш намегузарад) барои донишчу имкон даст намедихад, ки саволу чавоб кунад чунин як методи таълим ачиб аст бад дар тест менависанд хама чавобхо нодуруст. Ачоибу гароиб.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман хайрон мешавам. Ин кадар имкониятхо барои донишчуён мухаё мекунанду ин кадар пули хукумат сарф мегардад. Ин хама барои чи аст?! О, гарчанде ки муаллим бояд хуб дарс дихад, вале илм аз худ кардани донишчу танхо ба худи донишчу вобастаги дорад, донишчу чизи асоси- шиштан ва китоб хонданро ба ухда намегирад, пас гунохро ба зиммаи ки мепартоед?! Ин кадар эрка накунед донишчуёнро, илм сабр ва токатро талаб мекунад, рохи дигари илмомузи вучуд надорад. Дар Шурави 1соату 20 дакика дарс мехондему хисс намекардем, чун ба илм мутобик мешудем, хозир дар 50 дакика донишчу сад бор устод занг шуд мегуяд.
Аз як ру,бигзор ин усули кориро истифода баранду волидон донанд, ки муаллим бо маоши ночиз ба гайр аз сарфа кардани аклу илму дониш боз чи захматхое мекашад барои комил кардани донишчуён(-фарзандони мардум, ки худи ин мардум бисёр вакт бо фарзандаш созиш намекунад). Шояд ин ба донишчуёне, ки равиши дарсро халалдор мекунанд, таъсир расонад. Аммо метарсем, ки боз хам киликхои чавононаи донишчуён ба обруи муаллимон таъсир нарасонад, чун аз нигохи психологи донишчуёни мо ба ин чиз тайёр нестанд.
Ман фикр мекунам, Хукумат боз кадр тайёр мекунем гуфта, кадрхо муаллимони баландихтисосро аз даст надихад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!