Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 28 апрел 2017, 01:36

Шарҳи ВКХ дар бораи тамдиди фаъолияти САҲА

10 январ 2017, 16:06

Мандати фаъолияти дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон барои соли 2017 то ҳол тамдид наёфтаст.

Мунира Шоинбекова, масъули дафтари матбуоти САҲА дар Душанбе дар шарҳи мавзуъ ба “Озодагон” гуфт, “раиси кунунии САҲА гуфтушунидро оид ба ин мавзӯъ бо мақсади ҳар чӣ зудтар ба мувофиқа расидан идома дода истодааст. То расидани давлатҳои аъзо ба мувофиқа оид ба тамдиди мандат, ин намояндагиҳо кушода боқӣ мемонанд ва фаъолияти маъмурию ба мандат вобастанабударо идома хоҳанд дод”.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар шарҳи мавзуъ ба “Озодагон” гуфт, тамдиди мандати намояндагиҳои САҲА на танҳо дар Тоҷикистон балки дар дигар кишварҳо низ дар сатҳи Шӯрои доимии ин ниҳод мавриди баррасӣ қарор дорад: “Тамдиди мандати фаъолияти САҲА дар Тоҷикистон бо раиси ин созмон мувофиқа шудааст, аммо барои гирифтани тасмими ниҳоӣ на танҳо розигии Тоҷикистон балки тамоми 57 увзи ин кишвар лозим мебошад”.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон тайи соли гузашта аз фаъолияти САҲА интиқод карданд. Аз ҷумла роҳ ёфтани намояндагони Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ба ҷаласаи САҲА дар Варшава мояи норозигии мақомоти Тоҷикистон шуда буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Душанбе

  • 10 январ 2017 16:54
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаро САХА баланси намояндагони минтакахоро хангоми ба коргири риоя намекунад? Чаро хамаи коргаронаш помири хастанд?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Душанбе,
Ҳоло бештари организатсияхо ва агентҳои хоричи дар Душанбе бо якдигар рафтори яксон доранд! Аз як нигоҳ хуб аст, ки шаҳрвандони ватанамон ба фаъолияти хоричиён, ки бешак танҳо ба нақшаи бешрафт ва манфиатҳои кишвари хеш кор мекунанд, мусоидат менамоянд. Аз дигар нигоҳ, шаҳрвандони баномуси кишварамонро низ зарур аст, ки дар фаъолияти хеш барои ҳифзи манфиатҳои сарзаминамон бо фикру ақидаи тозаву дурбинона ва эҳтиром ба мардуми минтақаҳои гуногуни ватанамон саҳм дошта бошанд! Боқӣ ҳама аз Тоҷикистон ҳастем!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
4 нафар аз Помир як чо кор карда ба забонашон харф зананд, тамом вассалом, хама дар бораашон хаку нохак гуфтан мегиранд. Ку даст ба дил нихода гуед, ин мардум дар сохторхои баланди давлати хастанд е на, дар сатхи вазири астанд е на, аксари куллашон муаллими мактаби миенаанд. Агар дар ташкилотхои хоричи дониши баланд надошта бошанд, маълум ки кабул намешаванд, зеро на таго доранду на амаки вазир. То кай чунин чудокуни ба махалхо давом меебад? Ба назарам, миллати точик хануз ба сатхи миллат нарасидаасту кабилабозиаш руз аз руз авч мегирад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар кучои Точикистон баланс будаасту дар САХА не? Магар махалчигиву кариябози ба дилатон назадааст?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба "Гости"

Чанобон, як чизи оддиро бояд дарк кард, ки барои ба САХА ба кор дохил шудан 2-3 бор "конкурс" гузаштан даркор. Забондонию таози коргузориашонро донистан шарт аст. Умуман дониши баланд бояд дошт. Баъдан ин, ки САХА чи будани баланси намояндагиро намедонад. Хулоса, факат сатхи донишро дар аввал мешуморад, на махалро. Шод бошед!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!