Бахшҳо

“Агар як духтарро дониш додӣ, як миллатро тавоно кардӣ”

Даромади духтаракони тоҷик, ки имрӯз даҳсола ҳастанд, дар сурати аз таҳсил бознамондан, дар оянда 50 дарсад бештар хоҳад шуд. Ин нуктаро Созмони милали муттаҳид дар як гузорише доир ба имрӯзу ояндаи духтарон дар ҷаҳон таъкид намудааст.


Гузориш ба ҳайси намуна духтарони даҳсола дар саросари ҷаҳонро фаро гирифтааст. Дар он гуфта мешавад, бо сармоягузории вақту таваҷҷуҳу донишу мол сари инҳо ҷаҳон метавонад ба бисёре аз аҳдофи худ доир ба бебудии зиндагӣ дар соли 2030 бирасад. Гузоришгарон гуфтаанд, агар ин духтаракони даҳсола бо шароити беҳтари донишу саломатӣ фаро гирифта шаванд, кишварҳои рӯ ба рушд метавонанд дар оянда солона 2 миллиард доллар аз ҳисоби нерӯи афзудаи зеҳнӣ ба даст биоранд. Вале, мутаассифона, омилҳои зиёде сари роҳи ин рушдро мегирад. Меҳнату издивоҷи иҷборӣ дар синни хурдсолӣ, анъанаҳои хатарзо ба монанди ҷарроҳии иҷбории ҷинсӣ миллионҳо духтаракро дар саросари ҷаҳон интизор аст. Ҳоло дар ҷаҳон 60 миллион духтари даҳсола зиндагӣ мекардаанд. Дар қисмате аз ҷаҳон дар ин син пешорӯи духтаракон имкониятҳои бемарзе ба монанди таҳсилу бозомӯзӣ ва ғизои хубу дониши хубу табъи хуш қарор дорад, ки дар тасмимгириҳояшон онҳоро озодтар месозад ва имкон медиҳад, то баъдан барои худу фарзандонашон тасмимҳои беҳтар бигиранд. Вале, барои бештар аз нисфи ҳамсолонашон ин имкониятҳо маҳдуд аст, ки онҳоро баъдан ба вартаи фақру нодорӣ мекашад ва ба ин васила пас аз онҳо боз як насли дигари маҳдуд дар зиндагӣ ба вуҷуд меорад.

Дар гузориши СММ омадааст, агар ба духтарон дар синни наврасӣ имкон дода нашавад, ки зиндагии солим ва амн дошта бошанд, то баъдан ба инсони ҳунарманд, корманд ва мустақил мубаддал гарданд, он гоҳ ҳаққи инсонии онҳо помол мегардад. Дар ин сурат на танҳо худи он духтару аҳли хонадонаш ва шавҳару фарзандони ояндааш, балки тамоми миллат ва кишвараш зарар мебинад. Ин бохти ҳама хоҳад буд, мегӯяд Созмони милал ва меафзояд, ҳар соли иловагии таҳсил даромади инсонро тақрибан 12 дарсад бештар мегардонад.

Ба омори СММ дар Тоҷикистон 84 000 духтари даҳсола ба сар мебарад. Барои духтаронатон чӣ ояндаеро тасвир мекунед, падару модарони ин 84 000 духтар? Ин ки вобаста бошаду шабу рӯз андаруни хона нишаста, дар хидмати аҳли хонадони шавҳар бошад ва ҳар ҳарфу кирдори онҳоро сабр намояд, ба хушунату зӯроварии эҳтимолӣ сабр бикунад ва асабҳои худро бо задани фарзандони худ берун биорад? Рафту агар сабрашро аз даст дод, худро бикушад ва ё ба хонаи шумо баргардад?

Ё ояндаеро тасвир мекунед, ки дили духтаратон шоду болои сараш кабӯтарони бахт давр мезананд, мустақил ҳасту ба фарзандонаш дониш медиҳад ва дар канори шавҳараш барои зиндагии беҳтар заҳмат мекашад?

Агар ба духтаратон дониш надиҳед, рӯзе, ки маҷбур шуд, ки пул кор бикнуад, чӣ гуна пул кор хоҳад кард? Бо иҷрои корҳои ҷисмоние ба монанди рубӯчину фаррошиву пешхидматӣ ва бо шунидани ҳарфҳои носазову ранҷдиҳанда.

Агар ба духтаратон дониш бидиҳед, чӣ хоҳад шуд? Пизишк, муаллима, муҳандис, барномасоз – бо итминон ба нерӯву қадру ҳаққи худ ва бидуни он ки ба касе иҷоза бидиҳад, то шарафи инсонияшро зери по бисозанд. Гузориши СММ ҳамин ду роҳро пешниҳод мекунад ва мегӯяд, агар волидони тоҷик сари духтаронашон сармоягузорӣ бикунанду амнияту саломативу донишашонро аввал бигзоранд, даромади ин духтарон дар 15 сол аз 50% бештар аз он хоҳад буд, ки агар сарашон сармоягузорӣ ва таваҷҷуҳ нашавад. Гунае, ки касе гуфта буд: Агар як писарро дониш додӣ, як нафарро тавоно кардӣ. Агар як духтарро дониш додӣ, як миллатро тавоно кардӣ.

Таҳияи Абдуфаттоҳ ШАФИЕВ
Мӯҳр
Бо ҳар роҳ духтарони тоҷикро бероҳа кардестиян душманони милат

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)