Бахшҳо

Қазияи журналисти латту кӯбшуда: “Хулосаи ВКД боиси нигаронист...”

Созмонҳои хабарнигорӣ, ҳомиёни ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар дидори навбатии худ дар робита ба қазияи латту кӯби рӯзноманигори Маркази тадқиқоти журналистӣ иттилоияи Вазорати корҳои дохилиро ба баррасӣ гирифтанд.

Дар ин ҳамоиш, ки баъд аз зуҳри имрӯз, 10 октябр дар шаҳри Душанбе сурат пазируфт, аз таъйиди далели латту кӯби журналист аз сӯи ВКД изҳори қаноатмандӣ шуд, аммо иштирокдорон гуфтанд, хулосаи иттилоия боиси нигаронӣ аст, “зеро гунаҳкори асосӣ норӯшан мондааст”.

7 октябр Вазорати корҳои дохилӣ бо нашри як иттилоия дар сомонаи расмияш гуфт, дар пайи санҷиш Ислом Хоҷаев, сардори минтақаи маъмурии милитсияи №19 ШВКД дар ноҳияи Сино аз кор озод карда шуд.

Созмонҳои хабарнигорӣ, ҳомиёни ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар нишасти имрӯзи худ таъкид намуданд, барои пайдо ва муҷозоти омилони аслии латту кӯби Доро Суҳробӣ талош хоҳанд кард. Ин дувумин нишасти якҷояи ҳомиёни ҳуқуқ ва журналистон дар робита ба қазияи мазкур аст.

6 октябр ин гуруҳ эълон кард, стратегияи дифоъ аз ҳуқуқҳои Доро Суҳробӣ таҳия гардидааст.

Доро Суҳробӣ қаблан дар суҳбат бо “Озодагон” гуфта буд, 18 сентябр барои инъикоси корҳои роҳсозӣ ва савдои кӯчагӣ ба назди бозори "Гипрозем" рафта, мавриди латту кӯби кормандони милиса қарор гирифт. Ба гуфтаи ӯ, “шоҳид шудам, ки зани тахминан 55-солаи обфурӯш бо марде дар либоси мулкӣ муноқиша карда, даъво дошт, ки “дирӯз ман 100 сомонӣ дода будам, ҳар рӯз пул аз куҷо аст, ки ба шумо диҳам. Шумо модар надоред, о, ҳама дар қади кӯча савдо доранд-ку? Чаро дигарҳоро намебинӣ, фақат ба ман часпидӣ".

Журналисти ҷавон гуфт, вақте хост асли қазия ва сабаби вайрон шудани тартиботи ҷамъиятиро фаҳмад, он мард дар либоси мулкӣ изҳор доштааст, ки "ту қонундон боз аз куҷо пайдо шудӣ, суратамонро мегирӣ?" гӯён суратгираки журналистро гирифта, флешкаашро шикастаст: “Баъд ба низомипӯш фармуду маро ба шуъбаи корҳои дохилӣ дар маҳаллаи Гипрозем бурданд. Марде, ки либоси мулкӣ дошт, маро то беҳуш шуданам кӯфт. Нафарони дигар, ки ҳамроҳаш буданд, монеи кори ӯ нашуданд. Баъдан аз якеаш фаҳмидам, ки сардорашон будаст”.

Суҳробӣ гуфт, ҳудуди 40 дақиқа дар идораи пулис мондааст ва афзуд тайи ин муддат, даст, рӯй ва сараш лат хӯрдаанд.
Мӯҳр
Сайбурхон
Хамин маака ягон бало задагй нест. Чй ин кадар раздуват менен?

Хакикат
Ана инро милесса мегуянд. Гунахгор значит аз сайёраи МАРС будааст. Барои хамин пайдо карда натавонистанд..

Додоҷон атовулоев бо муҳидин кабири зада будан ин журналиста шумо ҳозирам кофтесен

ВКД
Об аз боло лой аст

Ҷомӣ
Э бародаро, ҳамин вазири милисаҳо шояд донад, ки ун зӯр кист. вале шояд аз тарси он, ки тағаи бақуват дорад, уро пинҳон кадестай. Агар не аз ҳамлаи Ҳалимов бохабар шудану 1 милисаро ёфта наметавонанд. Агар хоҳанд дар 2 соат меёбад. И ёще как меёбанд!! Вазир, репутатсияаатонро аз даст надиҳед барои кадом 1 тағадор...

доро туро кадоме рохбари кадесай душмани ту аст то оон зуртон ба макомоти точик намераса любой хел виноват мекнанта фикр кун

Ин милиса бо ягон хеши худи Рахимзодаву Кунгуротзода набоша!?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)