Бахшҳо

Мушкили ҷойи кор омӯзгорони ҷавонро аз ВМКБ ба Данғара меорад (ВИДЕО)

Мудири Шӯъбаи маорифи ноҳияи Данғара мегӯяд, соли хониши 2016-2017 аз вилояти мухтори куҳистони Бадахшон 15 омӯзгори ҷавонро ба кор гирифтаанд.

Ниёзмуҳаммад Саидов, мудири шӯъбаи маориф дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ҳамаи омӯзгорони бадахшониро бо ҷойи зист таъмин намуда, бар асоси шартнома баъди се соли корӣ ба онҳо қитъаи замин барои бунёди манзил ҷудо хоҳад шуд: “Ҳамаи онҳо кадрҳои ҷавон буда, фаъолияти кории худро расман дар мактабҳои Данғара шурӯъ кардаанд, яъне қаблан чунин таҷриба надоштанд”.

Ҷамила Соҳибназарова яке аз ин омӯзгорони ҷавон аст, ки 22 сол дорад. Ӯ моҳи августи имсол баъди хатми Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба ноҳияи Данғара омадааст. Ҷамила ба “Озодагон” гуфт, бо хоҳиши худ ба ҷануби Тоҷикистон омад ва волидонаш ҳам зид набуданд: “Ман аз ноҳияи Рӯшонам. Донишгоҳро моҳи май хатм намудам. Чун дар Бадахшон кор пайдо накардам, инҷо омадам”.

Вай дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии №2 кор мекунад. Мегӯяд, рӯзҳои аввали корӣ каме мушкил буд, зеро “дар Бадахшон дар як синф то 15 нафар дарс мехонанд, ин ҷо шумораи хонандаҳо дар як синф хеле зиёд аст. Фаҳмонидани дарс ва пурсидани хонандаҳо каме мушкилтар буд.Оҳиста- оҳиста тарзи дурусти корро омӯхта истодаам”.

Ҷамила Соҳибназарова афзуд, муносибати сокинони маҳаллӣ бо онҳо хеле самимӣ аст, аз ин рӯ худро бегона ҳис намекунанд.



Ҷамила ягона омӯзгори бадахшонӣ дар мактаби №2 нест. Гулноза Кучқорбекова ҳам, ки имсол Донишгоҳи Хоруғро бо ихтисоси таърих ва ҳуқуқ хатм намуд, дар ин муассисаи таълимӣ фаъолият дорад. Гулноза гуфт, ӯро мудири маорифи ноҳияи Данғара ба кор даъват кард: “Аз рӯзҳои аввали ин ҷо омадан моро бо ҷойи хоб ва ғизо таъмин карданд ва ҳамеша аз ҳоли мо хабар мегиранд. Аз нафароне, ки дар Бадахшон мушкили пайдо кардани ыойи кор доранд, таклиф мекунам ба Дангара биёянд. Ин ҷо шароити кори хуб буда, нисбати ҷавонон ғамхориҳои зиёд мекунанд".

Мудири Шӯъбаи маорифи ноҳияи Данғара мегӯяд, дар мактаби №2 наздики 1460 нафар таҳсил мекунанд. Теъдоди омӯзгорон ба 56 мерасад.
Мӯҳр
Дар Хакикат дар ин нохия ба Омузгорон ва табибон ниёз доранд аммо барои чи бошад ки квота барои тахсили хатмкунандахои ин нохия камтар чудо мекунанд. Аксарияти квотахо ба нохияхои кухистони ва дурдаст чудо мешаванд. Барои хамин тахсилкардахои дигар нохияхо ба инчо оварда мешаванд то норасоии кадрхоро бартараф кунанд. Дар хакикат барои омузгорони аз дигарчой омада шароити хуб фарохам кардаанд ва ба онхо бо чашми эхтиром нигох мекунам. Ман низ баъди хатми донишгох мехохам ба Донишгохи Давлатии Дангара рафта кор кунам.

Вот ми как мужики работаем а вы тоже будте как мужиками тежолая психология учителья

Darvesh
In chi navor bud Ozodagon!!! 27 second

Барои Бадахшонихо хуб мешавад.Хам забони Точикиро тозаву хуб ёд мегиранд.Акнун ин чо ширчой не гуштбирён мехуред.Назорати президент аст инчо.

мавзуна
бале биёранд солхои шурави хам водии Вахшро Бадахшониён обод карданд ва вакти чанги шарванди онхоро куштанд хонахояшнро дуздиданд, сузоданд аз худ карданд

ДДОТ
[b]Мусофир[
Мусофир, неки хандондед))))), квота барои Дангара. Охи хамаи Дангарагихо, ба гайр аз якчанд пиру кампир, дигар хамааш кайхо дар Душанбе,

Саид
Салом, хуб мешуд барои муаллимхо низ як сару либос мушаххас мекарданд, талаба намедонад дар дарс муаллима хонумро тамошо кунад ё дарс бихонад! Мактаб мисс нест ку!

Саидшохи Бадахшони
Шахсе, ки аз номаш шарм карду худро точик пешниход кард мерасонам Бадахшонихо забони точикиро бо дарачаи аьло медонанд ва ба он ифтихор доранд ки онро тоза талафуз мекунанд.Пас он бар хурдани ширчой таьна нест ки хар махал хуроки худ дорад чун бар атолахуриятон е курутоби узбаки мо таьна намезанем ки ин беадабисту бефархангист.Аввало адаби харф заданро ед бигир!

Точик!!! Мо Бадахшонихо ширчой хурем ё нушем хам ку зато (культура) маданияти мо аз Ту баринхо хело ва хело ба дарача баланд аст wink Чойи ту барин одам да ихели чохо нестай брав ягон чо аробака бкаш 1-2 тангара чам куну гуштбирёна хурдан бгир wink

Точики оригинал
Бародарони бадахшони аз суханхои ба ном точик хафа нашавед! Точикони тозаи водии Кулоб хеле бомаданиятанд. Аммо бештари мардуми он чо ки худро точик мегиранд, омехтаи точику мугуланд, аз хамин сабаб каме беодобу дурушт хастанд. Таъсири хун да))

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)