Бахшҳо

Пешниҳод барои нашри акси Э.Раҳмон дар 1000 сомонӣ

Раҳбари филиали “Тоҷиксуғурта” дар Шаҳринав пешниҳод кардааст, асъори миллии 1000 сомонӣ бо акси Эмомалӣ Раҳмон ба муомилот бароварда шавад.

Шариф Каримов ин пешниҳодро бар матлабе, ки ҳафтаномаи “Тоҷикистон” нашр кард, ироа кардааст. Ба таъкиди ӯ, маҳз бо шарофати Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми ҷаҳон Тоҷикистону тоҷиконро мешиносанд. Каримов навиштааст, бо талошҳои Президент ҷанг дар Тоҷикистон хотима дода шуд ва гурезаҳо ба ватан баргаштанд. Раҳбари филиали “Тоҷиксуғурта” изҳор дошта, ки бо дарназардошти хизматҳои Пешвои миллат пули 1000 сомонӣ бо акси Президент ба муомилот бароварда шавад.

Аз соли 2000 сомонӣ асъори миллии Тоҷикистон аст. 1 сомонӣ бо акси Мирзо Турсунзода, 3 сомонӣ бо акси Шириншо Шотемур, 5 сомонӣ бо акси Садриддин Айнӣ, 10 сомонӣ бо акси Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, 20 сомонӣ бо акси Абуали ибни Сино, 50 сомонӣ бо акси Бобоҷон Ғафуров, 100 сомонӣ бо акси Исмоили Сомонӣ, 200 сомонӣ бо акси Нусратулло Махсум ва 500 сомонӣ бо акси Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ба муомилот бароварда шудаанд.
Мӯҳр
Юлдош
Хизмати хирсона накунит.

nabi farhor
Салом.Дар пул акси ки хаст,вай чанд пула хаст он мухим нест.Мухим он аст,ки заводу фабрикахо сохта шаванд,то чавонон ба корхои доими шугл варзанд.

беном
боз як подхалими дигар пайдо шуд.

мехмон
Ин хел мумкин нест!!! Ин шахс президент хастанд на подшохи асримиёнаги. Ба Щариф Каримов агар вазифа ё ягон чизи дигар лозим бошад фолбин ё пешгуй ношуда ягон илмро омузад, ягон ихтироъ кунаду Чахон шиносад уро на ин ки бо ин пешниход!!!

РАССОМ
Ин пешниходи чаноби Каримовро Афзалшохи Шоди аз соли 2015 - ум ин чониб дар хар барномахои консертии худ ба мухлисони санъати точик мегуфт, ки акси Чаноби Оли дар 1000 сомони мебарояд ва изхор дошт, ки дар 50 дирама акси у бароварда шавад.

Домулло Зиё
Ана сар шуд мусобика....
Дар холи хозир дар садри чадвал пешниходкунандагони конуни "Пешвои Миллат"!
Агар пешниходи Шарифбой амали шавад, номаш дар пахлуи раками 1 карор мегирад.
Мусобика то соли 2020 давом мекунад! Баьд аз соли 2020....шояд боз давом кунад!

Ба гуфтаи хамин раиси филиали точиксугурта агар расми президент дар 1000 сомона монем курбаш хам хуб мешавад ё ки дигар харчи харид кунем аз 1000 сомони боло мешад?

Дар 1000сума Рахмонуф. Дар 1500 сума Рустам. Дар 2000 сума Озода!

дар 1 сума ё 5 сума акси чанобро монед ки ба мо камбагалхо хам расад ё у факат барои шумо бойхо пешво асту халос?

Правда
Агар ин кор шавад 1 долар ба 1000 сомонӣ баробар мешавад. Шояд аз ин ҳам поинтар.....

курбон
и нафар каримуф ба табобат ниёз дорад. лекин дарде ки ин каримуф дора даво надора.

Майлаш. Курби 1000 сомона ба 1000$ баробар шавад баъд

Бемаьне
Пешниход 10 000сомонада бзанен расмша. Хайкалшам фромуш накнен. Озодагон ташаккур

садхазора
мо бе шумо хам медонистем ки як руз не як руз акси эмомоли рахмон дар 1000 пайдо мешавад

Ҳозир оҳиста оҳиста пешниҳод мекунан ки дар хонаҳо сурати пешвошона гузоранд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)