Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 22 август 2017, 00:29

Душанбе: Парвина бо 3 кӯдакаш худро ба канал партофтааст

6 июл 2015, 13:34

Парвина Абдуллоева, сокини 37-солаи кӯчаи Испечак-2-и шаҳри Душанбе шаби 4-уми июл худро бо се фарзанди ноболиғаш дар маҳаллаи Ҳаёти нав, дар наздикии Кӯли Ҷавонон ба канали Ҳисор партофтааст.

Дар ин бора ба “Озодагон” Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки қазия тақрибан соати 21:18 дақиқа рух додааст: “Сокинони маҳаллаи “Ҳаёти нав” Парвинаро наҷот додаанд, аммо се фарзанди ноболиғаш-Зиёвиддин Бобоев, соли таваллудаш 2008, Маҳина Бобоева, соли таваллудаш 2009 ва Омина Бобоева, соли таваллудаш 2010 ба ҳалокат расидаанд”.

Феълан Парвина Абдуллоева дар беморхона бистарӣ буда, яке аз фарзияҳои даст ба ин кор заданаш, хабари зани дуюм гирифтани шавҳараш арзёбӣ мешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин сокини Испечак не, сокини дехаи Бог н.Ёвон аст. Ин зан худро не, танхо 3 фарзандашро партофтаст. Ин зани беимон бояд 800 сол зиндони шавад. Ягон чои сафедшави надорад ин даранда.

Дар мохи шарифи Рамазон кудакои худро ба катл расонидан, э воеее э мурад хамин зан. Баъд чи??? Ина бигузор шуш 3 зан гирифта боша, ин бахона нест. Касофатии ин 3 кудак дар гарданатон зану шавхари худозада!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шавхар на камтар аз зан гунахгор аст. Худовандо, ба нохуни фарзанд зорашон кунад ин фарзандбезорхоро...
Посух додан
  • Н ХИСОР

  • 6 июл 2015 16:28
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Вой доди хамон кудакони бихишти .....марг ба хамин модари бесавод, беакл, худозада ин кудакон ....чи чи чи..... гнох доштанд...ХАМАРА ШАРМАНДА КАДИ ....Рухашон шодбош...илохо Худованд аз оби КАФСАР СЕРШОН КУНАД ОМИН.......
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухлиса,
рости гуфти хохарчон, е апаашка! о и Худобехабаро, ду занаву се зана будашро аз кучо медонанд. ефтан факат айбро бар сари зан партофтана.
Посух додан
  • Рустам

  • 7 июл 2015 08:12
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамаи ин корхо натичаи аз дини Ислом бехабпр будан мебошад. Зеро лар дин худкуши ва куштори фарзандон катъиян манъ аст. Хукумат ва макомотхои дахлдорро мебояд ба чои ташкил кардани консерту чашнхои бемаъни шароити зиндагии мардумро хуб мекарданд. Ин на танхо гунохи ин марду зан аст.
Посух додан
  • шахрванд

  • 7 июл 2015 10:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ё Худоё ин тифлакон чи гунох доштан . Зани беакл зинда монди чазота мебини. Аз кахри Худованд натарсиди.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин гуна инсонхоро истеричка меноманд. Ин зан ё аввалин ё охирин зан мехисобид худро, ки шавхараш зан гирифтааст. Аслан мардхое, ки дигар имконияти бо занашон зиндаги карданро надорад, дилсузи карда бо у зиндаги мекунанду барои талаботи худро конеъ гардонидан ва хаёти худро бо зани намехостагиаш нагузаронидан аз болои занашон зан мегиранд, хато мекунанд. Агар занро намехохи ва дигар зан макулат хаст, бояд онро сар дихи ва баъд зани дигар гири. Хеч нашуд зани якумро фахмонидан лозим, ки зани дуюм мегирам, агар рози нашуд сар дода баъд зан гирифтан лозим.
Кудаконро низ ин зани эркача аз барои нафси худаш куштааст, худатро мекушти бас буд. Ин гуна инсонхо касалии равони доранд ва худро аз хама хатто фарзанд боло медонанд. Акнун маълум аст, ки барои чи он мард зан гирифтааст. Бо ин гуна инсон чи хел зиндаги мешавад. Агар зани окилу доно мебуд, фарзаноро гирифта худаш тарбия мекард.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!