Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 19 июл 2018, 13:35

Нигаронии Аслов аз қатли Шоираи 22-сола дар пойгоҳи 201-и Русия

11 ноябр 2015, 08:38

Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон аз Русия талаб кардааст, ки қатли Шоира Ҷобирова, ҷавонзани 22-солаи тоҷик дар қаламрави пойгоҳи низомии 201 дар Душанбе воқеъбинона таҳқиқ шавад.

Тавре аз Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон иттилоъ доданд, Сироҷидин Аслов рӯзи 10-уми ноябр дар мулоқот бо Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон аз қатли Шоира Ҷобирова дар ҳудуди пойгоҳи низомии Русия дар шаҳри Душанбе изҳори нигаронӣ карда, таъкид намуд, ки ҳодисаи рухдода ба руҳияи дӯстии анъанавӣ ва шарикии стратегӣ байни ду кишвари мо ҷавобгӯ намебошад.

Манбаъ мегӯяд, дар анҷоми вохӯрӣ ба сафири Русия Ёддошти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон супорида шуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст: «Ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби Русия талаб менамояд, то ба ҳодисаи рухдода баҳои воқеъбинона дода, ҷиҳати роҳ надодан барои такрор шудани чунин рафторҳо аз тарафи хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд».

Қаблан мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз боздошти Иван Шербаков, лейтенанти калони пойгоҳи 201-и Русия хабар доданд, ки дар қатли Шоира Ҷобирова муттаҳам мешавад.

Ба иттилои манбаъ ҳодисаи куштор 5 ноябр дар хобгоҳи афсарони пойгоҳи 201 рух додааст.

Шербаков дар бозпурсӣ изҳор доштааст, ки маст будааст ва он шабро ёд надорад: “Феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • бабай

  • 18 ноябр 2015 21:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар пеш соли нав духтарони сабук пох ехтиёт шаванд боз такрор мешавад
Посух додан
  • мардикор

  • 19 ноябр 2015 15:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
барои як риши мусулмон зада мекушанд лекин як тарафашро мегиранду метарсанд ин аст даъвои мохам мусулмон
Посух додан
  • vohid

  • 20 ноябр 2015 21:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
baroi ji uro ba Russia burdand wumo jaro onxoro ijoza meten boyad xar 1 shaxse dar kadom davlate ki jinoyat mekunad boyad dar hamon davlat mujozot wavad! Jaro javonxoi tojik dar rusia bo xar baxonae jazo medidaandu wahrvandoni rusia dar tojikiston ozod megawtiyand
Посух додан
  • эрач

  • 21 ноябр 2015 16:43
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
На ин ,Ки давлат халки мо хам худро бетараф мехисобанд.Чаро хомуш бишинем..як кас барои хама хама барои як кас .хозир Ки хап кунем ин боз аз сари худ мераванд..
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
прогон сайта логин скайпа kai230361
Посух додан
  • Гуруҳ: Посетители
  • Қайд: 19.04.2018
  • Мақом: Пользователь offline
  • Шарҳҳо: 1
  • Матлаб: 0
заказать продвижение сайта по кликам логин в скайпе SEO PRO1
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!