Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 19 июл 2018, 13:35

Нигаронии Аслов аз қатли Шоираи 22-сола дар пойгоҳи 201-и Русия

11 ноябр 2015, 08:38

Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон аз Русия талаб кардааст, ки қатли Шоира Ҷобирова, ҷавонзани 22-солаи тоҷик дар қаламрави пойгоҳи низомии 201 дар Душанбе воқеъбинона таҳқиқ шавад.

Тавре аз Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон иттилоъ доданд, Сироҷидин Аслов рӯзи 10-уми ноябр дар мулоқот бо Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон аз қатли Шоира Ҷобирова дар ҳудуди пойгоҳи низомии Русия дар шаҳри Душанбе изҳори нигаронӣ карда, таъкид намуд, ки ҳодисаи рухдода ба руҳияи дӯстии анъанавӣ ва шарикии стратегӣ байни ду кишвари мо ҷавобгӯ намебошад.

Манбаъ мегӯяд, дар анҷоми вохӯрӣ ба сафири Русия Ёддошти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон супорида шуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст: «Ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби Русия талаб менамояд, то ба ҳодисаи рухдода баҳои воқеъбинона дода, ҷиҳати роҳ надодан барои такрор шудани чунин рафторҳо аз тарафи хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд».

Қаблан мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз боздошти Иван Шербаков, лейтенанти калони пойгоҳи 201-и Русия хабар доданд, ки дар қатли Шоира Ҷобирова муттаҳам мешавад.

Ба иттилои манбаъ ҳодисаи куштор 5 ноябр дар хобгоҳи афсарони пойгоҳи 201 рух додааст.

Шербаков дар бозпурсӣ изҳор доштааст, ки маст будааст ва он шабро ёд надорад: “Феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • шаҳрванд

  • 10 ноябр 2015 17:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ин русҳо слишкам гзарондагиян. бояд ҷазо гиран бо қонуни тоҷикистон гар чанде нашавад ҳам шартномаро тағйир диҳанд бо қонуни тоҷикистон ҷазо диҳанд то ибрати дигарашон шавад. ин пуштибони ин ҳимоя ин овозаҳо ин суханҳо ин нашрияҳо маънои онро дорад ки миллати тоҷик оҳиста оҳиста пеш рафтестай ғурур пайдо кардестай. ҳаминхел пуштибони кнем ҳимоя кнем нашр кнем ҷинояткоронро ҷазо диҳем иншоаллоҳ пеш мерем бо қувват мешем вагарна ин сокитҳоямон моро мекушан.
Посух додан
  • Миллат

  • 10 ноябр 2015 18:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ягона рохи мушкилкушо ин халоси аз ин базаи нодаркор дар хоки ватани мукаддаси мост! Мухтарам Хукуматдорон! Илтимос хап накунед. Овози худро бароред. Вокунш нишон дихед! Ку вай занхои чанчолии спецотряд??? Шумо хастед?? биравед дар таги дари база магал намоед. Ин кори шумо хозир барчо аст! Чун ки яктои шуморо ин чосусхо нобуд карданд! Нест бод базаи 201 дар Точикистон!!! Озоди ба Точикистон!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ин чи рузи сиюҳ рузе нестки тоҷика накушанд.
Посух додан
  • ismoil

  • 10 ноябр 2015 21:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом наход ки ҷавони тоҷик бад аз корои ҷиноие ки пойгоҳи 201 Русия анҷом дода аст боз тарафи онҳоро гиранд, номус надорен? як бор намеген ки у чихел дар пойгоҳ пайдо шуд? ё бурданаш? чанд моҳ пеш пойгоҳи низоми Руссия элон дошт ки пули оби ки истифода мекунанд нахоҳанд дод вали мақомоти давлати Тоҷикистон ҳич чиз гуфтан натонистан ба далиле ки амнияти мантақавиро Руссия нигаҳ дорад, вали ин маъноӣ онро надорад ки мо тоҷико инқадр бе ночус шавем ки дар сарзамини худмон ба зани тоҷик таҷовуз кунанд аммо мо ба он чизе нагуем аз ин кор беҳтар он аст ки мисли саг бимурем!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
уфффффф дигар мадори гап задан нест,
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сафар ту бисёр боакл менамои аз навиштачотат! Хамикадар занон дар пахтазор кор карда рузашона бо нони халол мегузаронанд мешаваку.Ту касе хасти номта Сафар навиштай аз хамин тоифаи,Анна ин ибрат барои шумо! Худатона кор намефора дар сари давлат мезанен.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Брора база мазаша амхели шарикай душмани аршадии Точикоан
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Кучо шудун шумо мардони чомеа. Шармандаги!!!! Мардони точик хама хонашеранду майдонгариб. Дар кишвари худатон харфатонро гуфта наметавонед. Гурурро аз мардони кафкози биомузед. Таърих ин рафтори шуморо намебахшад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Точик дар милати худаш хам гариб аст афсус ин падари умари 5 мохаро вактхои охир азият досодиян аммо макомотхои мо парвое надорад холо бинед падари умарро зиндон мекунад ки ту фарзандатро кушти гуфта.. Акнун то ба кай мо точикон беарзишем кош суханои моро ба чаноби оли мерасонданд афсус чаноби оли хабар надорад агар медошт хатман чора меандешид зеро он касро пешвои милат мегуянд. Ба хар хол такягохе чун Аллох дорем рузе мешаыад албата хама барои гунохои кардагиаш дар назди Аллох чавоб медихад.
Посух додан
  • Мансур

  • 11 ноябр 2015 08:05
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
О вай занак чи кардаст дар хобгоҳ?
Посух додан
  • Шахрванд

  • 11 ноябр 2015 09:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бигзор он лаъин ҷазояшро гирад ва дар бораи чӣ гуна ҳукм баровардани мақомоти Тоҷикиситон нисбати ӯ Озодагон ҳатман маълумот диҳед
Посух додан
  • Анти

  • 11 ноябр 2015 11:03
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бояд чониби Точикикистон руссияро хушдор тият ки дар холати 2 бора такрор шудани ин холат хо шардномаи 40 солаи лагв карда мешавад аз бачояшон амрикоро рох метийм агар мо ин корро накунем 40 солда моро кутан мегиран дар аатани худмон.
Посух додан
  • 88

  • 11 ноябр 2015 13:23
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин Иванхо хам дар руссия ва хам дар хонаамон маст шида куштан бигиранд окибаташ чи мешида бошад а?База бояд берун аз шахр бошад хамин хел не?магар натичаи мустакили хами аст?
Посух додан
  • tojikk

  • 11 ноябр 2015 14:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
1)POIGOHI 201 TO 2040 SOLA IMZOKARDAGIYAN...VA AZ DASTI HICHKA HICHKOR NAMEOYAD...2) AZ RUI YAK DU NOODAM HAMARA BAD KARDAN XUB NEST....BOZ SHUKRAM KARDAN DARKORU XUB NIGOH KARDAN DARKOR KI 90 PRASENTI MO AZ KUJO NON MEXUREM...AGAR MUHOJIROE KI DAR RUSIYA KOR MEKUNAN PUL ROI NAKUNAND MARDUM HAMA AZ GURUSNAGI MEMIRANDDDD...ZINDAGII XUDI MO AZ RUSIYA AST..GULOM NEY MISLI ODAM KOR MEHNATI HALOL MEKUNAN..3)AGAR 201 DIVIZYA GRANISOI MOYA MAHKAM NAKUNAD TOLIBONU DIISHU DIGAR DIGAR DAR 1 SOAT MEDAROYAND..4)MAN PUSHTI IN RUSSA NAMEGIRAM..BIGZOR JAZOYASHRO GIRAD...HAR KASE GUNOH MEKUNAD BOYAD KI JAZO GIRAD...LEK BAR PADARI INXEL DUXTARHO LANAT KI XUDRO BAROI SUM FURUXTAAST...BALE DUXTARI ESH SHAB DAR XOBGOH CHIKOR MEKARD???AGAR KASE NAXOHAD URO HEJ KAS MAJBUR NAMEKUNAD...
Посух додан
  • Сиёвуш

  • 12 ноябр 2015 00:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
САТОР,
Афсус, ки мо асли вокеаро намефахмем! Ки медонад шояд ин духтаракро аз куча бо тарики зури ба хобгохашон бурдабошанд (чигунае, ки амрикоихо духтарони Ирокиро мерабуданд)? Аммо чи сабаби куштанаш буд? Худо медонад, шояд дар ин кор як чанд нафар гунакор хастанд? Агар аз куча ба зури бурда бошанд - вой бар холи мо!!!
Ин аблах бошад мегуяд ман мастбуадм!!! Бовар кунед инчо чи гапе хаст! Инчо якчанд нафар даст доранд! Ин духтаракро дар куча дуздида-он тарафашро худо медонад ва барои гап нашудан куштаанд!!!
ВОЙ ДОД!!! ВОЙ ДОД!!! ВОЙ ДОД!!!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!