Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 22 август 2017, 00:30
9 август 2017, 13:49

Дуруст бинависем: ТАВОНОБАХШ - ТАВОНБАХШ

Шумори иштибоҳоте, ки ба забони мо дар натиҷаи бетаваҷҷӯҳи ба "ҳиссаи нутқ" (яъне ба кадом ҳиссаи нутқ: исм, сифат, феъл ва...) нисбат доштани калимаҳо ба вуҷуд меояд рӯ ба афзоиш дорад ва ин хатар ба беху буни забонамон таҳдид мекунад. Дишаб аз пахши огаҳиҳо (таблиғҳо)-и бозаргонӣ (реклама) батакрор калимаи "тавонобахш"-ро мешунидам: "Ин гиёҳҳои дармонии тавонобахшро пайваста истеъмол намоед". Комилан равшан аст, ки манзури гӯянда дар ин ҷумла на "тавонобахш", балки "тавонбахш", "қувватдиҳанда", "муқаввӣ" мебошад. "Тавоно" сифат аст:

17 июл 2017, 09:10

Беҳтар нест, “оффшор”, “террор”, “Донбасс”-ро “офшор”, “терор”, “Донбас” бигӯем?

Вожаи “офшор” солҳои охир ба забони мо даромад. Шӯхиомез гӯям, мардуми мо миллионҳо ё шояд миллиардҳо доллар дода, ин калимаро харид. Шираю ширинии ин сармояҳои бохта, вожаи бегонаро хеле зуд ва сахт ба забони матбуот ширеш кард.

15 июн 2017, 13:39

“АММО АҲМАД бошад, МЕГӮЯД”

“АММО АҲМАД бошад, МЕГӮЯД...” Ин хато ҳам аз силсилаи кажнависиҳоест, ки ба сабк пайванд дошта, солҳои охир авҷ гирифтаанд ва ҳарчӣ бештар табиати забони моро вайрон мекунанд.

14 июн 2017, 10:42

Умед Ҷайҳонӣ: Тоҷикҳо "отчество" надоранд

Отчество ҳамон номи падар нест. Отчество дар забони русӣ ва дигар забонҳои словӣ нисбаест ки аз номи падар ва пасванди нисбати -ович/-евич ва -овна/-евна сохта мешавад.

6 июн 2017, 15:06

Салими Аюбзод: Наход “фаъолият кардан” беҳтар аз “кор кардан” бошад?

“Сарвари давлат ба ноҳияҳои вилояти Хатлон сафар анҷом дод”. Агар маънии “анҷом” оқибат, охир, фарҷом, поён, интиҳо бошад, чӣ гуна мешавад онро дод? Он гоҳ шояд беҳтар аст гуфта шавад: “ба сафараш анҷом дод”. Вале ин шеваи баён ва чанд қолибе, ки солҳои охир “мӯд” шудаанд, ба забони матбуоти мо оҳанги сатҳӣ ва хушк медиҳанд. Мисли “халал ворид кард” ва “мавриди баррасӣ қарор дод”. Он ҳам дар ҳоле ки мешавад гуфт: “халал расонд” ва “баррасӣ кард”.

7 феврал 2017, 08:10

“Кёрлинг”-ро чӣ бигӯем: “Керлинг”, “курлинг” ё “сангсуронӣ”?

Кёрлинг яке аз бозиҳои Олимпики зимистонӣ аст ки дар он ду гуруҳи чаҳорнафара сангҳои бузургу гирду сайқалии вижаеро бар рӯи масире яхӣ ба сӯи хонаҳое дар поёни замини бозӣ сур медиҳанд ё месуронанд.

20 август 2016, 08:52

Салими Аюбзод: Беҳтар аст, ба “dividend” сарбахш гӯем

Дӯстам пурсид, оё дуруст аст, агар барояш dividend (дивидент)-ро “баҳра” тарҷума кардаанд? Дар нигоҳи аввал гӯё дуруст аст.

26 май 2016, 14:18

Салими Аюбзод: “Панҷ маротиба”-ро беҳтар аст “панҷ бор” ё “панҷ раҳ” бигӯем

Менависанд, ки “ду маротиба” ба Кобул сафар кард ё “се маротиба” ба вазорат шикоят бурд ва монанди инҳо. Асли вожа “маротиб” (аз рутба) ва он худ аллакай ҷамъ аст ва агар панҷ бор дар назар бошад, беҳтар аст танҳои он “мартаба” ё “мартабат” корбаст шавад. Ба маънии “бор”, “дафъа”, “кара”, “карат”, “раҳ”.

12 феврал 2016, 09:16

Баҳси “гуштӣ” ва “куштӣ” дар “Озодагон” ва шарҳи забоншинос

Як хабар дар “Озодагон”, ки онҷо вожаи куштӣ (ба ҷойи гуштӣ) истифода шуд, баҳси гармеро миёни корбарон барангехт.

3 феврал 2016, 15:55

Чаро "эҳтиромона"-ро намешавад ислоҳ кард?

Яке аз ғалатҳои “ҷонсахт”, ки ахиран фарогир шуда ва ба ҳеч васила намешавад онро ислоҳ кард, ҳамин калимаи “эҳтиромона” аст.

6 октябр 2015, 09:56

Нашри китоби “Дуруст бинависем”-и Рустами Ваҳҳоб

Китоби нави Рустами Ваҳҳоб, шоир ва адабиётшиноси шинохтаи тоҷик бо номи “Дуруст бинависем” нашр шуд.

11 август 2015, 10:24

"Бистро"-ро “тезтайёру зудтайёр” гӯем ё "саридастӣ"

Вақте мушоҳида мешавад, ки дар сардари баъзе ошхонаҳо навиштаанд “тезтайёр”, яъне таомҳое, ки ба зудӣ омода мешаванд, афсӯс мехӯрам, ки чаро калимаи зебои “саридастӣ” (сардастӣ, сардастакӣ), ки дар мардум дақиқан ба ҳамин маъно роиҷ аст, аз доираи таваҷҷуҳ берун мондааст.

7 август 2015, 11:07

Дуруст бинависем: “ИНТИҚОЛИ ПУЛ” ниёзе ба “Ӣ” надорад

ИНТИҚОЛИ ПУЛ – ИНТИҚОЛИ ПУЛӢ. Ин иштибоҳ, ки бисёр фарогир шудааст, дар ҳамаи лавҳҳои таблиғии насбшуда дар хиёбонҳои шаҳр, рӯзномаҳо, гуфтори радиё ва телевизион ба чашму гӯш мерасад ва асабҳоро меларзонад, тарҷумаи ҳарфбаҳарфи ибораи “денежный первод” аст. Дар ин ибора ҳеч ниёзе ба анҷомаи “ӣ” нест.

19 март 2015, 09:27

Абдуқодир Рустам: “...истифодаи “шоҳмот” аслан ҷоиз нест”

Ҳоло, бо он ки “шоҳмот” вожаи зебо ва гӯшнавоз ҳам ҳаст, гумон мекунам, мо бояд ба хотири риояти ягонагии забонамон ва пайванд, - аз сӯйе бо гузаштагонамон ва аз сӯйи дигар бо ҳамзабононамон дар Афғонистону Эрон беҳтар аст, дубора “шатранҷ”-и фаромӯшшударо ба доираи истеъмол ворид кунем.

19 феврал 2015, 12:23

“Корхонаи пахта” гуфтан кофист, то “корхонаи пахтатозакунӣ”

Дар навиштори имрӯзии мо афзудаҳои нозарур, ки бидуни онҳо низ маънои калима ва ҷумла равшан аст, ҷое камтар ва ҷое бештар ба назар мерасанд.

Ба қафо | Ба пеш

Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!