Бахшҳо

Прокуратураи Шаҳритус: Ноболиғро кормандони комисариат назадаанд, бо корманди ҷамоат ҷанҷол кардааст

Додситонии Шаҳритус мегӯяд, нисбати қазияи латту кӯби як ҷавони 17-cола бо моддаи “майдаавбошӣ” парванда боз шуда, аз ҷониби Шӯъбаи корҳои дохилӣ дар ҳоли баррасӣ аст.

Бахтовар Маҳмадиев сешанбеи 11 октябр дар суҳбати телефонӣ ба “Озодагон” гуфт, ӯро кормандони комисариати ҳарбии ноҳияи Шаҳритус мавриди латту кӯб қарор додаанд. Ба иддаои ӯ, рӯзи 7 октябр кормандони комисариат ба хонаашон омада, аммо касеро наёфтаанд: “Ҳамон рӯз дар хона набудам, кормандони “военкомат” омада, дидаанд, ки касе нест, аз хона пул гирифта рафтаанд. Баъд ба ман телефон карданд, ки биё пулҳоятро гир, маро дар як мошин бор карда, зиёд латту кӯб карданд. Ман аз дасташон гурехтам”.

Ин ҷавон бо ирсоли аксҳои худ гуфт, дар пайи ин ҳодиса бинӣ ва сараш сахт осеб дида ва панҷ рӯз мешавад, ки дар беморхона қарор дорад.

Дар ҳамин ҳол, аз Додситонии ноҳияи Шаҳритус имрӯз, 12 октябр ба "Озодагон" гуфтанд, дар пайи санҷиш маълум шуда, ки Бахтовар Маҳмадиев аз ҷониби кормандони комисариат латту кӯб нашудааст: “Вақте ин ҷавон ба прокуратура муроҷиат кард, ӯро бо кормандони комисариат рӯбарӯ кардем, аммо гуфт, ки касе аз инҳо маро назадааст. Баъдан маълум гардид, ки Маҳмадалиев бо корманди ҷамоат Самад Ҷӯрақулов ҷанҷол кардааст”.

Ба иттилои манбаъ, модари ин ҷавон ба комисариати ҳарбӣ муроҷиат кардааст, ки писари калонаш, бародари Бахтоварро, ки ба гапаш гӯш намедиҳад, ба хизмати ҳарбӣ сафарбар намоянд: “Вақте корманди ҷамоат ҳамроҳи кормандони комисариат ба хонаи онҳо меравад, касе дар хона набудааст. Баъдан Бахтовар дар кӯча бо Саид Ҷӯрақулов ҷанҷол мекунад, ки кӣ ба ту ҳақ дод, ки ба хонаи мо равӣ ва ҳар ду даст ба гиребон мешаванд. Нахуст Бахтовар корманди ҷамоатро мезанад. Болои қоши ӯ даридааст”.

Масъули додситонӣ гуфт, чун Ҷӯрақулов корманди комисариат нест, ин қазия ҳамчун баҳси шаҳрвандӣ дар доираи моддаи “майдаавбошӣ” баррасӣ мешавад: “Прокуратура ҳуҷҷат тартиб дода, барои санҷишу қарори қонунӣ маводро аз рӯи тобеият ба ШКД фиристодааст”.

Ин дар ҳолест, ки қаблан аз Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шаҳритус ба “Озодагон” гуфтанд, нисбати як корманди комиссариати ҳарбии ноҳия парванда боз шудааст: “Ин парванда ҳоло дар прокуратура аст”.


Прокуратураи Шаҳритус: Ноболиғро кормандони комисариат назадаанд, бо корманди ҷамоат ҷанҷол кардааст

Прокуратураи Шаҳритус: Ноболиғро кормандони комисариат назадаанд, бо корманди ҷамоат ҷанҷол кардааст


Аксҳоро Бахтовар Маҳмадиев фиристод
Мӯҳр
Раззок
Мо дар асри 8 зиндаги дорем, магар? Ин чи бешарафи, бевичдони ва беномусист?!!

Хуни чавонони мо мечакад аз чангатон!

исмон
Делам ба халки музлим месузад. афсус

в
исмон,

Музлим не, мазлум.

Дар ягон аср ин хел набуд ва намешавад ин хел буд.. Магар Ҳукумати Тоҷикистон ҳаминхел сарбоз ҷамъ мекунад? Эй кормандони пулиси но мӯҳтарам вақте шумо то ин дараҷа лату кӯб кунед сарбозро чихел пагоҳ ин сарбоз ватанро муҳофизат мекунад? Ба ҳар ҳол аз ин хоби ғафлат хезед ба худ биёед

Darvesh
Сайдамин,
Iyora hezum jamkuni burdestan!!!!!!!!

Пурдил
Хама сола чи кадар чавонони ин миллат чабр мебинанд аз дасти ин кормандони макомотхо! Хама сола дар пайи суро-суркуни ин гуна кормандони чавонони бечораи точик баъзехаш дар пайи фирор ба ходисахои нохуш ру ба ру шуда ба халокат мерасанд! Соли гузашта як нафар дар Нуробод худро вакте, ки кормандони войнакомати нохияи Рогун сураш кардан ба дарё партофта буд, ки то имруз часадаш пайдо нашудаст! Хайфатон эй чавонони бесохиби миллати ман! Афсус, ки мову Шумо пуштибоне надорем! Махсусан мову Шумо камбагалбачахоро на конун пуштамон хасту на рохбару макоме((((

Ба бесохибии ин миллат дилам месузад
Ба чавонони гурамарг дилам месузад
То кай бувад ин зулму залолат
Бар беваю ятими монда дилам месузад

ман борхо таъкид кардаам ки бо макомот шухи кардан окибати хуб надорад ва насли чавонро дар рухияи ватандустиву хушомадгуи омода кардан лозим як чахон ташакур

Ман аз бегонагон харгиз нанолам
Ки бо Ман харчи кард он ошно кард.
Боз мо аз русхо менолем ,ки мухочирони моро азоб медиханд .дар ватани азизи худамон ,ки хама шукронаи онро мекунем ба ин ахвол гирифтор мекунанд ,пас аз бегонагон чи нолем?

Гуреза
Ман як чиро намефаҳмам. чаро ҳар дафъае, ки ҳамин гуна ҳолатҳо рух медиҳад, ҳама тарафи ҳамун гурезаҳоро мегиранд? Як бор фикр кардан мумкин аст ку, барои чи суросур ва гурезу гурез мешавад? Барои чи нафароне, ки ба синни хизматӣ расидаанд, бо хоҳиши худ ва ё баъди дарёфт кардани даъватнома ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир намешаванд? Агар аз ду соли хизмат барои падару модару хоҳару бародари худ ин ҷавонҳои мо гурезанд, он ҳам дар ҳаёти осоишта, Худо накунаду ба сари миллат ягон бадбахтӣ биёяд, Шумо боварӣ доред, ки ҳамин гурезаҳо падару модару хоҳару бародару ватани худро ҳимоя мекунанд? ман бовар надорам. Барои ҳамин, ба Шумо хонандагони ин сомона як маслиҳат, фақат як тарафа фикр накунед. Агар ҳамун бародари ҳамун одам аз хизмат гурехта ба Россия намерафт, шояд додараш зери лату куб қарор намегирифт. Ман ҳам амали ходимони полис ё военкоматро маҳкум мекунам. Лекин бояд проблема аз решааш барканда шавад. Медонем, шароити хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мо хуб нест, лекин охир мард дар сахтӣ обу тоб меёбад ва мард мешавад. Агар шароити хизмат мисли шароити хона мешуд, духтарҳои тоҷик аз тани мо мерафтанду хизмат мекарданд, ҳоҷат ба мо намемонд. Барои ҳамин ҷавонмарди асил бояд худаш рафта хизмат кунад

Мутаасифона аз байни ин авбошоне ки амали шармандаворро анчом додан агар ягон бесохибакаш пайдо шавад шояд ягон тадбир андешандРаззок,

Зокир
ба фикрам ин чавон шаттох найрангбоз аст чунки биниаш маълум аст, ки ягон осеб надидааст. хайф

АНТИхизмат
Фаридун Махмадалиев гап занед чи!!!!!

Фикри "Гуреза"-ро ман тарафдори менамоям ва як пешниход дорам, агар шароити хизматро дар Артиш мисли давлатхои хамсоя фарохам кунанд фикр мекунам чавонон бе ягон даъватнома як сол пеш худро номнавис мекунанд. Шахрвандони Амрико 5 сол хизмат мекунанд, бо хамин хам хама мераванд. Ин дуруг аст, ки писар бояд азобу машакат кашад, вакте маъюб мешавад ягон кас чавобгар намешавад,мисли Шахбол Мирзоев.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)