Бахшҳо
20 сен 2016 10:31Тоҷикистон / Сиёсат / Видео

НАНСМИТ омодаи ёрии ҳуқуқӣ ба журналисти латукӯбшуда аст (ВИДЕО)

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) мегӯяд, қазияи латту кӯби Доро Суҳробӣ, хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистиро пайгирӣ дошта, омодаи ёрии ҳуқуқӣ ба ӯ мебошад.

Оқои Қаршибоев имрӯз, 20 сентябр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ҳуқуқшиноси АМВАОМТ тасмим гирифтааст, бо журналисти ҷабрдида вохӯрда, дар таҳия ва амалӣ намудани стратегияи ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳояш кумак расонад.

Раиси АМВАОМТ афзуд: “Мо ин ҳодисаро шадидан маҳкум мекунем. Ҷомеаи рӯзноманигорӣ бояд аз ВКД ва Прокуратураи генералӣ тақозо намояд, ки гунаҳкори аслии ин қазия ба ҷавобгарӣ кашида шавад”.

Доро Суҳробӣ, журналисти ҷабрдида дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дирӯз баъди навиштани баёнот ӯро бо сардори милисаи Сино-1 рӯбарӯ карданд: “Дақиқан ягон нафари онҳоро нашинохтам. Барои он ки нафарҳои дирӯз либоси мулкӣ доштанд. Оне ки маро зада буд, як нафари бузбала ва фарбеҳ буд. Баъдан хона омадам ва ба номи вазир ариза навиштам. Имрӯз ҳоло даъват накардаанд”.

Доро Суҳробӣ, хабарнигори 20-солаи Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон рӯзи 18 сентябр ҳангоми иҷрои вазифаи хидматияш дар бозори “Гипрозем” аз сӯи мансабдори милиса то ҳолати беҳушӣ мавриди латукӯб қарор гирифт. Ӯ дар пайи латту кӯб аз қисмати даст, рӯй ва сараш лат хӯрдааст.

Ин бори аввал нест, ки як хабарнигори тоҷик дар кишвар мавриди ҳамла қарор мегирад. Аз соли 2004 то имрӯз дасти кам 7 маротиба журналистон латту кӯб шудаанд. Тафсилотро дар ин навор бубинед:




Мӯҳр
Хеч бало намекунед и гапои пуч мебошад. Харруз ин ходисахо мешавад ва ягон кор намекунед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)