Бахшҳо

Фирори кондукторе, ки мусофирро “буз” гуфта, таҳдид кард, “қатит любой ҷо мерам” (ВИДЕО)

Хадамоти зиддинҳисорӣ дар шаҳри Душанбе ба санҷиши шикояти як сокини Душанбе аз талаби роҳкирои бештар ва рафтори ноҷои кондуктор шурӯъ кардааст.

Юсуфҷон Бобоев,
сармутахассиси шӯъбаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ имрӯз, 30 август ба “Озодагон” гуфт, аз ҷамъияте, ки ронанда онҷо фаъолият мекунад, дастрас намудани ӯ ва кондукторро карданд: “Аммо ҷавоб доданд, ки ронанда бинобар сабаби бемории падараш ба Истаравшан рафтааст”.

Рӯзи гузашта Муҳаммад Болтаев, як донишҷӯи тоҷик ба “Озодагон” муроҷиат карда гуфт, мусофиркашҳои №28 аз назди Шӯъбаи бозрасии давлатии автомобилӣ, воқеъ дар маҳаллаи 33 то бозори Корвон аз мусофирон ду сомонӣ талаб мекунанд: “Мо чанд нафар эътироз кардем, ки чаро ду сомонӣ мегиред? Аммо кондуктор гуфт, “касеро нафорад, нашинад”. Вақте хостам рақами қайди давлатии мошинро акс гирам, кондуктор дашномҳои қабеҳ кард: “Гуфт, эй буз очата фалон мекунам. Боз чанд дашноми дигар кард. Вақте ба аксгирӣ идома додам, як оҳан дар дасташ аз мусофиркаш пешам омад ва дод зад, ки “бра любой ҷо бзи кн, қатит любой ҷо мерам”.

Юсуфҷон Бобоев, сармутахассиси шӯъбаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ мегӯяд, баъди дар сомонаи “Озодагон” нашр шудани ин хабар онҳо маълум карданд, ки мусофиркаши 2416 ТТ 05 ба Алишер Усмонов, зодаи шаҳри Истаравшан таалуқ доштааст. Ба гуфтаи Бобоев масъалаи худсарона боло бурдани роҳкиро ва рафтори кондуктор мавриди баррасӣ қарор дошта, аз натиҷаи он ба расонаҳо хабар медиҳанд.

Як манбаъ аз ҷамъияти “Нақлиёт”, ки хатсайрҳои №28-ро зери назорат дорад, гуфт, ба иттилои онҳо баъди ба Истаравшан рафтани ронанда кондуктор ҳам фирор кардааст.



Юсуфҷон Бобоев мегӯяд, дар шаҳри Душанбе бештар аз 2,5 ҳазор нақлиёти мусофирбар фаъолият дошта, онҳо имкони назорати ҳамаи онҳоро надоранд: “Аз ин рӯ дар ҳама нақлиёти мусофиркаш рақамҳои Шӯъбаи зиддиинҳисории шаҳрӣ, харитаи хатсайр мавҷуд аст. Дар сомонаи “Озодагон” ҳам шумораи телефонҳои боварии шӯъбаи зиддиинҳисорӣ ҳаст. Шаҳрвандон ҳангоми мушоҳидаи қонуншиканӣ бо он рақамҳо тамос бигиранд. Кумаки шаҳрвандон бисёр муҳим аст ва ҳар муроҷиат саривақт мавриди баррасӣ қарор мегирад”.

Бо қарори шаҳрдорӣ аз тобистони соли 2011 фосилаи ҳатсайрҳое, ки беш аз 16 км-ро ташкил медод, ба ду қисм ҷудо шуда, роҳкиро барои ҳар қисмат 80 дирам муайян шуд. Аммо ронандаҳо аз мусофирони худ аксаран ба ҷойи 80 дирам як сомонӣ ва ба ҷойи 1,60 дирам 2 сомонӣ талаб мекунанд. Баъзе шаҳрвандон мегӯянд, ронандаҳое ҳам ҳастанд, ки барои як хатсайр аз мусофирон се сомонӣ талаб мекунанд.

Моҳи июли соли равон баъди шикоятҳои зиёди сокинон аз талаби роҳкирои бештар аз сӯйи ронандаҳои мусофиркаш, Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар шаҳри Душанбе тавассути “Озодагон” рақамҳои телефони ин ниҳодро эълон кард. Масъулини хадамот аз мусофирон даъват карданд, дар сурати ситондани роҳкирои барзиёд сокинон метавонанд шабонарӯз бо шумораҳои 2 21 45 28, 221 45 29, 900 09 59 00, 988 99 11 88 тамос бигиранд.


Акси кондукторро Муҳаммад Болтаев фиристодааст
Мӯҳр
66565
Дар маршрутка эътироз куни нашин меганта дар бозор е магоза ба сифати мол эътироз куни нагир меганта ин чи хел мешава молу мошинаи онхо дурусту пули мо магар кадр надорад е тавба.

Jamal
Salom in korho az vaqte ki 80-1.60shud narkh ba kulli haminkhel ast hammai gapho befoida baroi onki nazoratchiyon pul megiran va chashm mepushan yo hastan nozirone ki bo insofand vale roh nameyoband va az in kor dast mekashand khulosai gap hamin ki inu vaya kam kunan khud ba khud ronandagon ham insof dorand az mardum kam mesitonand vale majburand chi kunand ammo baze beinsofhoyash ham hast meguyad ki panj chilikro yakjoya dar dahon pesh kunam ammo befoida. Khulosai kalom avval nozironu boj sitonhoro insof dihad ba'd musofirkashonhoro!

Бояд ронандахо бо тарики озмун ба кор гирифта шавад, на ин ки аз ким кучо омада, на одоб дораду на рафтору гуфтор ва на дониш. Бояд онхо аз конуну коидахои шахрдори огох бошанд. Ин чунин ба ришу фаш ва либосхояшон ахамият диханд.

мехмон
Озодагон шумо суханхои лахчавии ,,катит любой чо мерам'' - ро ночо чоп кардед. Бо ин гуна навиштанхо ба осиёби махалгарохо об мерезед. Ба забони адаби нависед ва ягонагии халки точикро халалдор накунед !

о
Ин бесаводони номард зуриашон хамин кадар аст. Дунеро бесохиб гумон кардаанд. Бояд хар хайвонро ба кор кабул накунанд. Душанбе пойтахт аст, мардуми точикро шарманда мекунанд ин гуна кондуктору ронандахо.

Точик
умуман наклиети мусофиркашро мисли даврони шурави, яъне бо билет кардан лзоми аст. махсусан автобусхоро. Онхо аз хисоби шахрдори харида шудаанду вале барои чайби ронандаву кондуктор ва маесабдорони автобаза хизмат мекунанд. Ба бучаи шахр маблаги ночиз месупоранд

Дар хамин маршруткахои старекс ки дар хар ряди окиб 3 нафар шинад 4 нафар мешинонанд болои ин 2 сомони мегиранд бо зами ин бо як нафри дигар кондуктор 5 ум одам дар тори сарут кач шуда меистад ки хатто нафас гирифта наметавони.Наход ки ронандахо хамин кадар беинсоф шуда бошанда.Хамун дарро худамон хам пушида метавонем е ки 1 сомонро ба ронанда худамон хам дароз карда метавонем.Агар чонат танги кунаю норозиги баен куни то фаромаданата чанчол мешунави

Ҳамаи ин далел аз он аст, ки имрӯз ҷамъияти Нақлиёт тамоман бесоҳиб мондааст. Ронандагони хати сайрхои 19 ва 28 мисли як подаи беподабон шудаанд. Масалан хати сайри 19 дар як самт се охирин истгоҳ доранд. 1-охирин истгоҳ ин маркази савдои ЦУМ, 2-истгощи охирон назди
ддот, 3-юм охирон истгох ин назди Боги Пойтахт мебошад. Дар масъалаи рохкиро бошад тамоми хатисайрхои шахри Душанбе ба гайр аз хати сайрщои 11, 13, 15, 17, 18, 67 ва 21 дигар хамаи хати сайрхо беинсофона аз мусофирон маблаг талаб мекунанд.

Фикр мекунам, ки хукумати шахр аз ухдаи танзими наклиёти мусофиркашони намебарояд ё онро танзим кардан намехохад. Вагарна дар тамоми олам наклиёти мусофиркашони танзим мешаваду дар Душанбе намешудааст. Ин ба иродаи масъулини хукумати шахри Душанбе вобаста аст. Агар одобу муомила дар наклиёт чунин аст, аз кадом фарханги шахрнишини сухан мегуйем.

О ин муаммо 2х2 аст ку. Автобус ва тролейбусхоро бо диспетчер ва график ба танзим дароранд ин масъала 100% хал мешавад. Ягон маршрутка намемонад. Хамааш ба нохияхо фирор мекунанд. Шахрдори аз хамин имконият 25 сол шуд, ки истифода намебарад. Миллион маротиба пешниход шудааст, вале то хол ягон чора дида намешавад. Руз аз руз одоби хизматрасонии ба чангал мубаддал шуда истодаст. Раёсати наклиёти шахр 25 сол аст ки хоб аст.

Аз ин хола мурдан бароят бехтар, гови беаклу бемаданият. Шармат наомад нисбати бародари мусулмону хамватани худ чунин карди?! Аллох чазои ту барин говхои бесохиба дихад!!! Ба сабаби шумобаринхо халки точик дар ягончо сари худро баланд бардошта наметавонад. Илтимоси бародарона ба чунин нафарони бетамиз, аз шумо хохишмандам каме ба худатон ахамият дихед, рафтору кирдорхои пасту хайвонии худро дар хамачо нишон надихед!!!

... агар зарурат бошад кадоме одам набошад аз дигар давлат хам ёфта меоранд , ин ронанда ва пулчини у бояд ба чавобгари кашида шаванд то дигар мусофиркашонхо " ба курпаашон нигох карда пой дароз кунанд ... Ва нихоят ин хама маршруткахоро билохир ба танзим овардан даркор , ва ин корро хамакаса тамоми чомеъа дастгири кунад , пойтахт оинаи давлат , барои ин дастури раиси шахрро поида истодан шарт нест

charo urotepagivu khujandivu ainigiho bo lahjai kulobi dod mezanand?hatto konduktoroyashon ham.

мусофир
вокеан хам чунин ноадолатихо дар наклиёт, бозор ва магозаву куча зиёд вомехуранд ва ин пеш аз хама аз бетафовутии сохторхои масъул ва хифзи хукук дарак медихад. мусофир он чи ки мукаррар шудааст ичро мекунад ва ё месупорад, вале хукухои онро кам химоя мекунанд. ман гумон мекунам, ки агар маблаги мукарраргардида ронандаро кифоя накунад, хубаш ба рох набарояд. имруз давлат кудрат хар мушкилиро зуд хал кунад. гузашт он рузхо. ронандахои мухтарам агар мусофир набошад, шумо ва пулчинакхои бемаданиятатон, ки худи шумо онхоро ба конуншикани далолат мекунед, ба касе даркор нестед.

посух ба точик ба хотири як нафаре ки холо хуб аник нест аз кадом минтака аст, уротепагихову хучандихову айнигихо гуфтанат шарт нест. Бо овози баланд фарёд задан аслан одати мардуми кулобу атрофаш аст, шояд ба хамин хотир инхам чунин карда бошад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)