Прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе: Эмомалӣ Саидзода "облава" нашудааст
Прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе мегӯяд, дар пайи нашри як хабари "Озодагон" оид ба тариқи "облава" ба артиш ҷалб кардани ҷавонон дар шаҳри Ваҳдат, санҷиш анҷом додааст.
Дар номаи ин ниҳод, ки бо имзои полковники адлия М.Ҳокимзода, додситони ҳарбии гарнизони Душанбе унвонии "Озодагон" расид, гуфта мешавад, дар пайи ин санҷиш ҳолати аз сӯйи мақомот бо роҳи "облава" ё "иҳотагирӣ" дастгир кардани ҷавонони синни даъват тасдиқи худро наёфтааст.
Маҳмадалӣ Саидзода, як сокини шаҳри Ваҳдат моҳи майи соли равон ба "Озодагон" тамос гирифта гуфт, писараш Эмомалӣ, ки донишҷӯи Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат аст, шоми 19 май ҳадафи “облава” қарор гирифтааст. Ба гуфтаи ӯ, писараш дар яке аз кӯчаҳои шаҳр боздошт шудааст: “Ҳуҷҷати донишҷӯияшро нишон додааст, вале масъулини комиссариат ба инобат нагирифтаанд”.
Вақте хабарнигори "Озодагон" ба назди комиссиариати ҳарбии шаҳри Ваҳдат рафт, Исматулло Икромов, як сокини дигари ин шаҳр низ аз ҳадафи "облава" қарор гирифтани фарзандаш шикоят кард. Ӯ гуфт, писараш Равшанҷони Исматулло қаблан низ ҳадафи “облава” ва латту кӯб қарор гирифта буд: “Ман гуфтам, ки ташхиси тиббӣ карда, аз болояшон ба додгоҳ шикоят мебарам, вале маро зора карданд, ки ин корро накунам ва дар ивазаш писарамро озод карданд".
Дар ҷавоби Прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе гуфта мешавад, моҳҳои март ва апрели соли 2016 масъулини комиссариати ҳарбӣ ба Эмомалӣ Саидзода ва Равшанҷони Исматулло дар хусуси ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шудан даъватнома фиристода шудааст: "Номбурдагон аз гирифтани даъватнома саркашӣ карда, дар вақти муайяншуда ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир намешаванд".
Манбаъ мегӯяд, дар пайи ин 19 май нозири мизи ҳарбӣ, як корманди комиссариати ҳарбӣ ва нозири минтақавӣ бо мақсади ба комиссияи даъватӣ ҳозир намудани Равшанҷони Исматулло ба манзили онҳо, воқеъ дар ҷамоати деҳоти ба номи А.Абдулвосиев мераванд. Равшани Исматулло сабаби ба комиссари ҳарбӣ ҳозир нашуданашро ба бемориаш рабт медиҳад: "Сипас ӯро бо хоҳиши худаш барои муайян намудани вазъи саломатӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир карда, ба комиссияи тиббӣ пешниҳод менамоянд. Бинобар сабаби беморӣ ғайри қобил ба хизмати ҳарбӣ эътироф карда мешавад. Вобаста ба ваҷҳи пешниҳодшуда, ки гӯё даъватшаванда Икромзода Р.И. мавриди латту кӯб қарор дода, бо роҳи "иҳотагарӣ" ба комиссияи даъватӣ пешниҳод шуда бошад, дар рафти санҷиш тасдиқи худро наёфт".
Дар ин нома вобаста ба қазияи Эмомалӣ Саидзода гуфта шудааст, 20 майи соли 2016 корманди ШВКД дар шаҳри Ваҳдат ҳангоми ба хонаи онҳо рафтан ӯро дар кӯчаи Темурмалик дида, "бо хоҳиши худаш ба комиссариати ҳарбӣ барои гузаштани комиссияи даъватӣ ҳозир мекунад. Даъватшаванда худи ҳамон рӯз қобил ба хизмати ҳарбӣ дониста, барои адо намудани хизмати ҳарбӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар шудааст".
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |